Узбекистон ба воридоти гӯшт аз Покистон шурӯъ кард

Март 15, 2022 15:41

ДУШАНБЕ, 15.03.202 /АМИТ «Ховар»/. Покистон ба интиқоли гӯшт ба Узбекистон шурӯъ кард, хабар медиҳад манбаи иттилоотии Uzdaily.uz. Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, нархи гӯшт дар ин кишвар ҳанӯз қабл аз ҳаводиси Украина, дар нимаи дувуми соли 2020 якбора боло рафтааст.

Аввалин миқдори гӯшт (18 тонна) ба маблағи 40 ҳазор доллар ҳафтаи оянда ба Тошканд ворид мешавад.

Моҳи март фиристодани боз 50 контейнер гӯшт пешбинӣ шудааст. Ҳаҷми умумии бор 900 тоннаро ташкил хоҳад дод.

Раҳбари ширкати покистонии «Shaheen» Малик Шер Хон зикр намуд, ки Покистон пас аз баста шудани созишномаҳо дар бораи тиҷорати имтиёзнок ба бозори Узбекистон диққати махсус равона намудааст.

Созишномаи савдои имтиёзнок 4 марти соли 2022 зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Покистон ба имзо расида буд.

16 феврали соли равон дар Тошканд зимни видеоконференсия оид ба масъалаҳои афзалиятнок Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба роҳбарони соҳаи чорводорӣ  супориш дод, ки дар асоси талабот ба аҳолӣ додани 350 ҳазор cap гӯсфанду бузро шурӯъ намоянд. Тавре АМИТ «Ховар» менависад, дар ин бора хабаргузории миллии «УзА» хабар додааст.

Ба гуфтаи Мирзиёев, ба ин тарҳ 100 миллион доллар равона карда мешавад.

Барои бо нархи муътадил таъмин намудани аҳолӣ бо гӯшт вакилони Олий Маҷлис лоиҳаи Қонун «Дар бораи тадбирҳои иловагии бо маҳсулоти озуқаворӣ таъмин намудани аҳолӣ»-ро тартиб доданд, ки 20 октябр баррасӣ ва қабул карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин кишвар, тибқи гузоришҳои матбуоти маҳаллӣ, нархи гӯшт ҳанӯз пеш аз ҳаводиси Украина, дар нимаи дуюми соли 2020 якбора боло рафтааст. Сабабҳои асосии боло рафтани нархи маҳсулоти гӯштӣ пандемияи коронавирус ва оқибатҳои он, аз ҷумла боло рафтани қимати ашёи хоми хӯроки чорво ва коҳиши воридоти чорво буд. Дар ин бора дар шарҳи Вазорати рушди иқтисод ва коҳиши камбизоатӣ, ки ба таваррум дар моҳи сентябр бахшида шудааст, гуфта мешавад.

 

АКС аз манбаъҳои боз

Март 15, 2022 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»