Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо роҳбари тозатаъйини Намояндагии Барномаи рушди СММ мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 март Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо роҳбари нави Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Ленни Монтиел мулоқот кард. Мусоҳибон доир ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои ҳуқуқи инсон мубодилаи афкор намуданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ “Ховар” дар хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот имконоти минбаъдаи ҳамкорӣ ва мусоидат баҳри густариши фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардиданд.
Умед Бобозода ба Ленни Монтиел оид ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, хусусан самтҳои афзалиятноки Стратегияи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумоти муфассал дода, зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон пайваста талош мекунад ва дар ин робита саҳми мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас мебошад.
Ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҳамкории байни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, шиносоӣ бо ислоҳоти низоми СММ, ба итмом расидани давраи дуюми лоиҳаи “Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ бо мақсади рушди имконоти одамон дар Тоҷикистон” ва инчунин идомаи ҳамкорӣ дар давраи сеюми амалишавиии лоиҳаи мазкур, доир ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи Шарҳи Универсалии Даврӣ ва дигар самтҳои муҳим изҳори назар карданд.
АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






