22,3 фоизи қарзҳои ба муштариён пешниҳоднамудаи «Амонатбонк» ба соҳаи саноат рост меояд

Апрель 19, 2022 10:40

ДУШАНБЕ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк»  дар се моҳи соли равон  аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 16 ҳазор муштарӣ 342 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст, ки беш аз 22  фоизи он ба соҳаи саноат рост меояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки  давлатии  амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк».

Қарзҳои мазкур дар иртибот ба Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022–2026 дар Тоҷикистон   ва аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи иқтисоди мамлакат дода шудаанд.

Ҳаҷми қарздиҳӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 44 фоиз зиёд  зиёд гардидааст. Аз қарзҳои додаи «Амонатбонк» ба муштариён 22,3 фоиз ба соҳаи саноат, 27,3 фоиз ба кишоварзӣ,  28,3 фоиз ба соҳаи истеъмолӣ, 3 фоиз ба сохтмон, қариб 18 фоиз ба тиҷорат, 0,4 фоиз ба соҳаи нақлиёт  ва 0,8 фоиз ба соҳаҳои хизматрасонӣ -сайёҳӣ, тандурустӣ ва хӯроки умумӣ рост меояд.

«Амонатбонк» барои гузоштани саҳми назаррас дар низоми бонкӣ дар 5 соли оянда тавассути пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат, инчунин дар самти ҳамасола зиёд намудани ҳиссаи қарздиҳӣ ва дар ин замина мусоидат ба таъсиси ҷойҳои нави кории доимию мавсимӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

АКС: аз манбаъҳои боз.

 

Апрель 19, 2022 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад