73 МЕТР ДАРОЗӢ ВА ЗИЁДА АЗ 10 МЕТР ПАҲНОӢ. «IRS» яке аз пулҳои азими роҳи Душанбе-Чанокро навсозӣ мекунад

Апрель 12, 2022 14:23

ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Навсозии пули азим дар километри 267-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чанок босуръат идома дорад. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” дар маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Пули мавриди назар 73 метр дарозӣ дошта, соли 1962 сохта шудааст. Поя ва сутунҳои марказии он аз сабаби рафтуомади воситаҳои нақлиёт тайи солҳои мавриди истифода буданаш корношоям гаштаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки нуҳуми марти соли 2021, баъд аз таҳқиқи комиссияи дахлдор ба намояндагӣ аз Вазорати нақлиёт, Бозрасиии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва мутахассисони филиали ширкат дар Тоҷикистон тасмими ниҳоӣ гирифта шуда буд, ки онро таъмир кунанд.

12 сентябри соли гузашта корҳо дар иншоот  шурӯъ шуда, дар марҳилаи аввал тибқи  тавофуқот, демонтаж ё ҷудосозии қитъаҳои пули мазкур аз сӯи ширкати ватании “Роҳи ваҳдат” амалӣ гардид. Бо дарназардошти нуфузи байналмилалӣ ва таҷрибаи ғании фаъолият лоиҳакашиву навсозии пул ба зиммаи  ширкати “Чайна Роуд” вогузор шуда,  бо сатҳи хубу сифати баланд пеш рафта истодааст.


Ҳоло корҳо босуръат идома дошта, чанде пеш  насби пояҳои пул, ки қолабрезӣ шудаанд, шурӯъ  гардид. Ба сохтмони мазкур 45  нафар мутахассисони ширкати “Чайна Роуд” ҷалб ва 15 техникаву механизми пуриқтидор  сафарбар шудаанд. Тибқи лоиҳа, баъди навсозӣ паҳноии пули мазкур ба 10 метру 20 сантиметр (бо дарназардошти пайроҳаи пиёдагард)  мерасад.

Дар ин раванд масолеҳи босифати сохтмонӣ  сарф шуда, сифати  кор зери назорати роҳбарияти филиали ширкат қарор дорад. Ҳоло  65 фоизи корҳои сохтмонӣ ба сомон расида, масъулин ҷаҳду талош доранд, то ҳарчӣ зудтар ин пулро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

АКСҲО: Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»  дар ҶТ

Апрель 12, 2022 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»