АҲСАН БА ҶАВОНОНИ ВАТАНДӮСТ! ВМКБ даъвати баҳориро дар рӯзи аввал иҷро кард

Апрель 1, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 01.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳолати якуми апрел даъвати баҳориро дар рӯзи аввал 102,5 фоиз иҷро намуд. Дар ин бора раиси комиссияи ВМКБ оид ба сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ Умедҷон Носирзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. 

Мавсуф афзуд, ки имрӯз дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ— маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ифтихори нахустин рӯзи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъракаи «Рӯзи даъватшаванда» тантанаҳои идона оғоз гардиданд.

Дар нахустин рӯзи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аввалин шуда, 8 шаҳру ноҳияи ВМКБ аз анҷоми маъракаи мазкур гузориш доданд.

Мавриди зикр аст, ки 1 апрел дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва тибқи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ муташаккилона оғоз ёфт.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2018 инҷониб ВМКБ дар ҳамаи маъракаҳои даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ дар кишвар аввалин шуда, аз иҷрои нақша мужда мерасонад.

АКС: МИҲД-и ВМКБ

Апрель 1, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид