АФЗАЛИЯТ БА МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Коргоҳи дӯзандагии «Сафия» хонандагони шаҳри Турсунзодаро бо либоси мактабӣ таъмин менамояд

Апрель 21, 2022 09:09

 ТУРСУНЗОДА, 21.04.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Коргоҳи дӯзандагии «Сафия» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва дастгирии соҳибкори инфиродӣ Умеда Абдуллоева соли 2019 ифтитоҳ гардид. Соли 2021 шумораи таҷҳизот дар ин коргоҳ ба 15 адад ва кормандони он ба 20 нафар расонида шуда,  ҳамарӯза дар он 100 ҷуфт либоси мактабӣ дӯхта мешавад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.

Тибқи иттилои котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фируз Холиқов, раиси шаҳр Парвиз Акрамзода бо фаъолияти коргоҳи дӯзандагии «Сафия» шинос шуда, бо роҳбарону дӯзандагони он суҳбат намуд.

Зимни мулоқот соҳибкор Умеда Абдуллоева гуфт, ки «дар корхона таҷдиди дастгоҳҳои муосир дар ҷараён буда, рӯзҳои наздик шумораи дастгоҳҳои дӯзандагӣ ба 50 адад расонида шуда, барои 50 нафар бонувону занони шаҳр ҷойи кори доимӣ таъсис мегардад. Дар ин замина либоси мактабӣ низ ба маротиб зиёд дӯхта мешавад».

Дар коргоҳи мазкур ҳунармандон ба масъалаи сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ зоҳир карда, либоси мактабиро ҷавобгӯ ба меъёрҳои  ҷаҳонӣ истеҳсол ва ба волидайни хонандагони муассисаҳои таълимӣ пешниҳод менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ  бо либоси хушсифати дӯхти ватанӣ аз масъалаҳоест, ки нисбат ба он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, дар ин хусус қарори Ҳукумати мамлакат ба тасвиб расидааст.

Дар шаҳри Турсунзода дар робита ба ин масъала, яъне таъмини хонандагони мактабҳо бо либоси хушдӯхти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Апрель 21, 2022 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад