Ҳайати Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор дар ИМА қарор дорад
ДУШАНБЕ, 22.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид 19 апрел ҷиҳати иштирок дар «Ҷаласаи баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ — 2022» ба шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафари корӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
19 апрел вохӯриҳои ҳайати Тоҷикистон бо Президенти Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ Девид Малпас, ноиби Президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ хонум Анна Бёрде, Директори Раёсати Хазинаи Байналмилалии Асъор Ҷиҳад Азур, Роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Тоҷикистон Метю Гайтнер ва Намояндаи Раёсати Хазинадории ИМА Майкл Каплан сурат гирифтанд.
Дар аснои вохӯриҳо масъалаҳои мубрам, аз ҷумла вазъи иқтсодию иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои он, татбиқи сиёсати фискалию монетарӣ, идоракунии қарзи давлатӣ, татбиқи ислоҳот дар самти идоракунии молияи давлатӣ, инчунин тақвияти ҳамкории самарабахш мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар интиҳои вохӯриҳо ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятнок баён намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки ба ҳайати мазкур Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод ва муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ шомил мебошанд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






