«Амонатбонк» ва БАТР дурнамои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 01.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи бахши молиявии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо дарназардошти таъсири пандемия ва дигар омилҳои берунии вазъи ҷаҳон дар мулоқоти Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бо ҳайати расмии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд /БАТР/ таҳти роҳбарии директори Институти молиявии БАТР оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҷорҷ Орлов дар Душанбе баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» хабар медиҳад, ки дар мулоқот мусоҳибон атрофи тақвияти ҳамкории «Амонатбонк» ва БАТР ибрози назар намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот Раиси Раёсати «Амонатбонк» Сироҷидин Икромӣ рӯнамои фаъолияти молиявии «Амонатбонк»-ро пешкаши ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд намуд.
Директори Институти молиявии БАТР оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҷорҷ Орлов ба фаъолияти БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҳамчун бонки давлатӣ баҳои баланд дода, омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд баён намуд.
АКСҲО: БДА ҶТ «Амонатбонк»










Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






