БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хатлон бунёди беш аз 6 ҳазор бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст

Апрель 17, 2022 10:01

ДУШАНБЕ, 17.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  бунёди беш аз 6 ҳазор бинову иншоот ба нақша гирифта шуда, кор дар ин самт бомаром идома дорад. Дар ин бора зимни баргузории ҷаласа бо иштироки Раиси вилоти Хатлон зикр гардид.

Тавре аз шуъбаи иттилоот ва таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ба ҳолати 1 апрел 140 адад бинову иншоот мавриди баҳрабардорӣ   қарор  гирифтанд. Дар се моҳи аввали соли равон дар 12 мактаб 78 синфхона барои 1950 ҷойи хониш, 11 адад муассисаи амбулаторӣ барои қабули 110 бемор дар як баст, инчунин 108 адад марказҳои савдо, хизматрасонӣ ва дигар иншоот ба истифода дода шуданд.

Бояд гуфт, ки давоми 3 соли омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Хатлон зиёда аз 8300 иншоот ба истифода дода шуда, 40 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфтанд.

Раиси вилоят доир ба зарурати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таъмини шароит барои фарогирии кӯдакони синни томактабӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи самарабахши замин ба масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоят дастуру супоришҳо дод.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 17, 2022 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд