БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти техникӣ бунёд мешавад

Апрель 9, 2022 09:04

ДУШАНБЕ, 09.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли телевизор, мошинаи ҷомашӯӣ ва дигар таҷҳизоти техникӣ бо бренди «ORVIGA» сохта, ба истифода дода мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи хадамоти матбуоти раиси шаҳри Истаравшан.

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии  Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода ва Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз ҷараёни корҳои сохтмони корхонаи мазкур дидан намуд.

Корхонаи мазкур аз ҷониби ҶДММ «ORVIGA» дар масоҳати зиёда аз 2 гектар бунёд гардида, дар ҷараёни бунёди он қариб 20 нафар сохтмончиён бо ҷойи кор ва пас аз мавриди истифода қарор додани марҳилаи якум қариб 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Маҳсулоти корхона воридотивазкунанда буда, метавонад бо нархҳои дастрас вориди бозор гардад.

Ҳамчунин раиси шаҳри Истаравшан якҷо бо роҳбари гурӯҳи корӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли мебели кӯдакона ва ашёи зарурии он, ки аз ҷониби соҳибкор Мансур Умаров бо бренди «Адл» истеҳсол мешавад, шинос шуд.

Таҷҳизоти корхона аз хориҷи кишвар харидорӣ гардида, рӯзҳои наздик васл ва мавриди истифода қарор дода мешавад. Баъди ба кор даромадани корхона 40 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Инчунин аз ҷониби соҳибкор Мансур Умаров мавзеи бунёди корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти техникии барқӣ муаррифӣ гардид. Иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои наздик корҳои бунёди корхонаи мазкур низ оғоз мегарданд.

АКС: Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Апрель 9, 2022 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд