Ба сокинони Дарвоз барои ҷудо намудани замин ва сохтмони хонаҳои истиқоматӣ кумак расонида мешавад

Апрель 4, 2022 14:45

ДУШАНБЕ, 04.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар ноҳияи Дарвоз ҷаласаи корӣ доир кард, ки дар он  масъалаҳои кишту кори баҳорӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ,  расондани кумак ба хонаҳои зарардида, ки бар асари фаромадани сел хисорот дидаанд, инчунин дигар мавзӯъҳои муҳими  иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд.

Раиси ВМКБ ба гурӯҳҳои корӣ,  ки аз вилоят ба ноҳияи Дарвоз барои санҷидани заминҳои корам сафарбар гардидаанд, дастур дод, ки ҳолати корро ҳаматарафа санҷида, ба он баҳои воқеӣ диҳанд.

Ноҳияи Дарвоз аз лиҳози бунёди корхонаҳои саноатӣ дар вилоят пешрафта буда, ба рушди  иқтисоди ВМКБ такони ҷиддӣ мебахшад. Баъд аз ҷаласаи корӣ Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода, Вазири саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот аз Парки инноватсионии саноатию технологӣ, ки бо супориши  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Дарвоз соли 2020 фаъолияти истеҳсолиро оғоз намуда буд, дидан карданд.

Номбурдагон дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз бо соҳибони хонаҳое, ки бар асари фаромадани сел зарар дидаанд, вохӯрӣ намуданд.

Насрулло Маҳмудзода зимни суҳбат бо зарардидагон иброз дошт, ки «шумо таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доред. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ин лаҳзаҳои душвор  шуморо танҳо  нагузошта,  баҳри сохтани хонаҳои истиқоматии нав кумакатон мерасонад» .

Шералӣ Кабир гуфт «мо омода ҳастем ҳамаи он маҳсулоти сохтмониеро, ки барои бунёди  хонаҳои истиқоматӣ бароятон  лозим мегардад,   дастрас намоем».

Алишер Мирзонабот низ зикр кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия  барои ҷудо намудани замин ва  сохтмони хонаҳои нави истиқоматӣ ба зарардидагон кӯмак мерасонад. Сокинони ноҳия дар ҷавоб ба ҳамаи ин ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии миннатдории самимонаи худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд, ки дар ин лаҳзаҳои душвор онҳоро танҳо нагузоштанд.

АКСҲО: МИҲД-и ВМКБ

Апрель 4, 2022 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд