Ба Тоҷикистон 3 адад дастгоҳи рентгении портативӣ барои гирифтани аксҳо дар шароити кӯҳсор дастрас гардид

Апрель 12, 2022 09:00

ДУШАНБЕ 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Барои гузаронидани аксҳои рентгенӣ дар шароити кӯҳсори мамлакат 3 адад дастгоҳи рентгении портативӣ дастрас гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дастгоҳҳои муосир метавонанд дар самти дарёфт ва табобати бемории сил нақши муҳим бозанд.

Дастгоҳҳои мазкур аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуданд.

Зимни тақдими дастгоҳҳои мазкур муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Абдухолиқ Амирзода ба ҷониби USAID баҳри дастгирии соҳа, хосатан дар самти ташхис ва пешгирии бемории сил дар мамлакат изҳори миннатдорӣ намуд.


Ҳамоҳангсози лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ Ҳурия Ҳисомова зимни баргузории машварати омӯзишӣ зикр намуд, ки «имрўзҳо бо талоши Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Тоҷикистон шумораи гирифторони бемории сил нисбат ба солҳои қаблӣ рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Бемории сил табобатшаванда буда, сабаби асосии паҳншавии он паст будани маълумотнокӣ дар бораи беморӣ, сари вақт муроҷиат накардани бемор ба муассисаҳои табобатӣ ва тамғагузорӣ нисбат ба ин беморӣ мебошад».

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Апрель 12, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад