БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ. Намояндагони Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар бахшҳои илмию техникӣ ва инноватсионӣ ширкат намуданд

Апрель 19, 2022 14:42

ДУШАНБЕ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел ҷаласаи 30-юми Шӯрои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаҳои илмию техникӣ ва инноватсия дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Нишастро Кумитаи давлатӣ оид ба илм ва техникаи Ҷумҳурии Беларус дар якҷоягӣ бо Иттиҳоди давлатҳои мустақил ташкил кардааст, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Дар ҷаласа намояндагони давлатҳои аъзои ИДМ – аъзои Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар бахшҳои илмию техникӣ ва инноватсионӣ: Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Иттиҳоди байналмилалии академияи илмҳо, ҳамчунин фармоишгар — ҳамоҳангсози Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии кишварҳои узви ИДМ барои давраи то соли 2030 Россотрудничества ва Оператори барномаи зикршудаи  Бунёди «Сколково» иштирок доштанд.

Нишаст таҳти раёсати раиси ШБ ИТИ — раиси Кумитаи давлатии оид ба илм ва техникаи Ҷумҳурии Беларус Шличков С.В сурат гирифт.

Иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба вазъи корҳо дар кишварҳои узви ИДМ дар соҳаҳои илмию техникӣ, технологӣ ва инноватсионӣ мубодилаи афкор намуданд. Диққати асосӣ ба баррасии лоиҳаи Консепсияи ҳамкории илмию техникӣ ва технологии давлатҳои аъзои ИДМ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он, ҳамчунин ташаккули заминаи меъёрии Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии кишварҳои узви ИДМ барои давраи то соли 2030 равона карда шуд.

Дар лоиҳаи Консепсия ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он самтҳои афзалиятноки тараққиёти давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаҳои илмию техникӣ ва технологӣ, ҳадафҳои муайян, вазифаҳо, принсипҳои асосии ҳамкории илмию техникӣ ва технологии давлатҳои аъзои ИДМ муайян карда шудаанд.

Ҳамчунин лоиҳаи Низомнома дар бораи тартиби аккредитатсия ва шартҳои иштироки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии давлатҳои аъзои ИДМ барои давраи то соли 2030 ва таҳрири нави Низомнома дар бораи оператори барнома тасдиқ карда шуданд.

Ҷаласаи навбатии 31-уми ШБ ИТИ моҳҳои октябр-ноябри соли 2022 дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мегардад, ки ҳамоиши он ба ҷаласаи кишварҳои узви СҲШ ва «Ҳафтаи инноватсия» бахшида хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон шуданд. Фармон 31 январи соли 2020 ба имзо расида буд.

Моҳи марти соли 2020 Сарвари давлат зимни мулоқот бо олимони мамлакат гуфта буданд: «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Аз ин рӯ, мо рушди илмҳои муосир, махсусан дақиқро ба мадди аввал гузоштем, зеро дар назди мо боз як вазифаи бузург, яъне ҳадафи чоруми стратегӣ– саноатикунонии босуръати кишвар қарор дорад».

Ба гуфтаи Сарвари давлат, бо ин мақсад истифодаи технологияҳои муосир дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш ёфта, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавонон тақвият дода шуда, бояд барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем.

Маҳз бо ҳамин мақсад дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои илм, маориф ва инноватсия таъсис дода шуда, санҷиши фаъолияти марказу муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва омӯзиши мавқеи кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки ба рушд ва инкишофи илму маориф мусоидат мекунанд, оғоз ёфт. Ба Шабакаи навтаъсиси «Илм ва табиат» дар якҷоягӣ бо шабакаи «Баҳористон» супориш дода шуд, ки таълими фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монда, бо ин мақсад омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандони соҳаро ҷалб намоянд ва дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабакаҳо дастовардҳои илми ватанию ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсионӣ муаррифӣ карда шаванд.

Ба ҳукумати кишвар дастур дода шуд, ки барои олимону омӯзгорони илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҷоизаи махсуси давлатӣ таъсис дода, ҳамасола 15 нафарро бо ин ҷоиза қадрдонӣ намояд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

 

Апрель 19, 2022 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии Озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон — 2025» оғоз гардид
Байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Маркази таълимии касбӣ-техникии ноҳияи Чинду шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои пешқадами Ҷопон робитаи мустақими академӣ ба роҳ мемонад
Донишҷӯи Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Asian Championship» соҳиби медали тилло шуд
Ҳусейн Ализода ғолиби даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2025» гардид
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ конфронс баргузор шуд
Намояндагони Парлумони Иттиҳоди Аврупо бо донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатӣ мулоқот намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ таъсис дода шуд
Кормандони соҳаи маориф дар Остона оид ба таҳияи барномаҳои таълимӣ таҷриба омӯхтанд
Дар Ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак бинои муассисаи томактабӣ сохта мешавад
Дар Фархор бинои иловагии муассисаи таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуд
Ба ҳайати омӯзгорон ва хонандагон дар ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсӣ қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шарҳ дода шуданд