БОНКИ ҶАҲОНӢ, ХАЗИНАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АСЪОР, БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ СММ БА АНДЕШИДАНИ ЧОРАҲО ОИД БА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ДАЪВАТ МЕКУНАНД. Дар ин самт то имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон кадом тадбирҳоро роҳандозӣ намудааст?

Апрель 14, 2022 12:48

ДУШАНБЕ, 14.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА), Бонки ҷаҳонӣ, Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ (БҶО) ва Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунанд, ки оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар партави буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар изҳороти муштараки сарони сохторҳои мазкур гуфта мешавад.

«Дунёро буҳронҳои амиқ такон медиҳанд. Пайомади ҳаводис дар Украина пандемияи COVID-19-ро,  ки аллакай соли сеюм аст идома дорад, шадидтар мекунад, зеро тағйирёбии иқлим, бесуботии афзояндаи ҷаҳонӣ ва муноқишаҳо ба мардуми саросари ҷаҳон зарари доимӣ меоранд», — омадааст дар изҳорот.

Тибқи изҳорот, якбора болоравии нархи маводи ғизоии аввал ва номураттабӣ дар интиқоли молҳо «миллионҳо нафарро ба қашшоқӣ дучор мекунанд».

«Дар робита ба ин мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват менамоем, ки барои  озод кардани захираҳои озуқаворӣ, дастгирии молиявӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва савдои кушод фавран тадбирҳои ҳамоҳангшуда андешанд», — гуфта мешавад дар изҳорот.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 марти соли равон зимни маҷлиси навбатии Ҳукумати мамлакат ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо ҷиҳати ташкили дурусти корҳо оид ба кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳо, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва боло бурдани иқтидори содиротии кишвар супоришҳои мушаххас доданд.

Сарвари давлат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки барои ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ аз ҳамаи имконият истифода бурда, <…> шаҳрвандонро бо маводи мавриди ниёзи аввал пурра таъмин намоянд.

16 март таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XXII Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ баргузор шуд. Дар ҷаласа Сарвари давлат зимни таҳлили вазъ вобаста ба шиддат пайдо кардани шароити геосиёсии ҷаҳон, авҷ гирифтани низоъҳои тиҷоратӣ, болоравии нархи молу маҳсулот дар ҷаҳон, хусусан, маводи озуқаворӣ ва сӯзишворӣ, ҷорӣ гардидани маҳдудият дар шабакаҳои логистикии интиқоли молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, дар назди шарикони рушд зарурати такмили барномаву нақшаҳоро ҷиҳати афзоиш додани кумакҳо дар самти кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди мамлакат, дастгирии буҷети давлатӣ, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя ва маблағгузории ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузоронро ба миён гузоштанд.

Ҳамчунин 16 март бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои  фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ба тасвиб расид, ки дар асоси он ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023 мораторий эълон карда шуд.

Қаблан хабарнигори АМИТ «Ховар» ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда, дар бораи тадбирҳои андешида пурсон шуд. Масъулони ин ниҳод изҳор доштанд, ки Нақшаи  тадбирҳо оид ба пешгирии хавфи таъсири  эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай қабул гардидааст.

Дар вазорат инчунин илова намуданд, ки  баробари ҷорӣ гардидани бастаи таҳримҳои иқтисодии кишварҳои Ғарб нисбат ба баъзе шарикони асосии тиҷоратӣ Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ таъсис дода шуда, 26 ва 28 феврал, 1, 3 ва 4 марти соли 2022 ҷаласаҳои худро бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳо, истеҳсолкунандагони ватанӣ, ассотсиатсияҳои истеҳсолкунандагон, воридкунандагони ғалла ва маҳсулоти нафтӣ, воридкунандагони маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, бахши хусусӣ ва шарикони рушд  доир намуда, бо назардошти фикру тавсияҳои онҳо нақшаи чорабиниҳои мазкур таҳия гардид.

Нақшаи чорабиниҳои зиддибуҳронӣ масъалаҳои таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт, шакар, тухм, сабзавот, зиёд намудани истеҳсолу захираи онҳо ва пешгирии болоравии беасоси нархҳо, дастгирии қишри осебпазири аҳолӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибкорӣ, таъмини иҷрои саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ ба низоми бонкӣ, коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, пешбинӣ намудани қарзҳо бо фоизи паст ба соҳибкорони истеҳсолӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, мавқуф гузоштани санҷишҳои ғайриандозӣ, ҷалби кумакҳои молиявии иловагӣ ва  дигар тадбирҳоро дар бар мегирад.

Ҳамзамон ҳангоми вохӯриҳо ва гуфтушунидҳо ташкилоти байналмилалии молиявӣ омодагии худро барои ҷудо намудани кумаку маблағҳои молиявӣ бо мақсади пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ баён намуданд.

Барномаҳои гуногуни таъсири эҳтимолии омилҳои берунӣ ба иқтисоди кишвар бо истифода аз моделҳои эконометрикӣ пайваста баҳо дода шуда, барои пешгирӣ ва кам кардани таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ ва таъмини рушди устувори макроиқтисодӣ тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, бо заҳмати кишоварзон ва истеҳсолкунандагони ватанӣ захираи ҳаҷми зарурии маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҷумҳурӣ мавҷуд мебошад. Танҳо соли 2021 ба маблағи умумии қариб 80 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноативу кишоварзӣ истеҳсол гардид, аз ҷумла истеҳсоли орд 828 ҳазор тонна, гандум 876 ҳазор тонна, нон ва маҳсулоти нонӣ 415 ҳазор тонна, гӯшти чорво 284 ҳазор тонна, гӯшти паранда  44,1 ҳазор тонна, моҳӣ 4,4 ҳазор тонна, равғани растанӣ 23,5 ҳазор тонна, консерваи меваю сабзавот 65 млн. қуттӣ, шир 1 миллиону 43 ҳазор тонна, тухм 1 миллиарду 54 миллион дона, маҳсулоти қаннодӣ 32,4 ҳазор тонна, макарон 9,5 ҳазор тонна, картошка 1 миллиону 41 ҳазор тонна, биринҷ 18 ҳазор тонна, сабзавот 2,6 млн. тонна, мева 712 ҳазор тонна ва асал 4,4 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Соли 2021 меваю сабзавоти аз талаботи дохилӣ зиёдатӣ дар ҳаҷми 208 ҳазор тонна ба хориҷи кишвар содирот карда шуд.

Бинобар ин захираву иқтидорҳои ватанӣ талаботи бозори истеъмолиро бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, нон ва маҳсулоти нонӣ, макарон, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, равғани растанӣ, шир, тухми паранда, донагиву лубиёгӣ, биринҷ ва ғайра дар сатҳи зарурӣ метавонанд таъмин намоянд.

Дар баробари ин воридоти баъзе ашёи хом ва маҳсулоти нимтайёр, ба монанди гандум, зироати равғандеҳ, шакар, маҳсулоти нафтӣ ва дигарҳо барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили ҷумҳурӣ тибқи қарордодҳои амалкунанда аз шарикони тиҷоратӣ бе монеа идома дорад.

Дар ҷумҳурӣ захираву имконият барои бо асъори хориҷӣ таъмин намудани воридкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ ва доруворӣ мавҷуд мебошанд.

Масъалаи пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ зери назорати доимии Ҳукумати кишвар қарор дорад ва минбаъд низ барои таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ва захираи зарурии онҳо, дастгирии қишри осебпазири аҳолӣ ва бахши хусусӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва татбиқи Нақшаи чорабиниҳои мазкур тамоми имконияти мавҷуда истифода бурда мешавад.

АКС: БҶО СММ/Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Апрель 14, 2022 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон вазъи бозори дохилии асъор ва сиёсати қурбиро шарҳ дод
Раёсат дар Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ба ҷониби Тоҷикистон гузашт
Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ: «Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба мамлакат дар зинаи сеюм қарор гирифт»
Аз шаҳри Душанбе ба самти Давҳа парвозҳо оғоз гардиданд
Дар Душанбе нишасти нуздаҳуми Шурои роҳбарикунандаи СПЕКА баргузор гардид
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Кумитаи рушди содироти Арабистони Саудӣ оид ба рушди содироти ғайринафтӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба ташкили бозори минтақавии неруи барқи мамлакатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Сулаймон Султонзода дар Нишасти дуюми вазирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Имсол аз Тоҷикистон беш аз ҳазор тонна хуч ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст
Дар Риёз ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ доир гардид
Дар шаҳри Кӯлоб филиали «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ гардид