ЧИН НИЯТ ДОРАД БА ТОҶИКИСТОН ДАР САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ДАРАҶАИ ТАҶДИДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ КУМАК РАСОНАД. Дар ин бора Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И изҳори назар намуд

Апрель 4, 2022 12:04

ДУШАНБЕ, 04.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чин ният дорад, ки дар якҷоягӣ бо Тоҷикистон ба сохтмони босифати «Камарбанд ва  роҳ», инчунин  саноатикунонии босуръат ва баланд бардоштани сатҳи навсозии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон мусоидат намояд. Дар ин бора узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И дар мулоқот бо Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён изҳори назар намуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора агентии иттилоотии давлатии «Синхуа» иттилоъ дод.

Тавре  қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, мулоқоти ду вазир 31 март дар ҳошияи нишасти 3-юми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Тунси (музофоти Анҳой, Чини Шарқӣ) баргузор шуд.

Ба гуфтаи Ван  И, Чин аз Тоҷикистон дар ҳифзи истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва амният, инчунин ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншудаи рушд пуштибонии қатъӣ мекунад.

Чин омода аст шарики боэътимоди стратегии Тоҷикистон бошад. Ҷониби Чин ният дорад, ки дар якҷоягӣ бо Тоҷикистон ба сохтмони босифати «Камарбанд ва роҳ» мусоидат намуда, ба Тоҷикистон дар саноатикунонии босуръат ва баланд бардоштани сатҳи таҷдиди соҳаи кишоварзӣ мусоидат намояд, гуфт Ван И.


Чин ба ташкили коргоҳи Лу Бан  дар Тоҷикистон суръат мебахшад, то ба омӯзиши мутахассисон ва табодули дӯстона миёни ҷавонони ду кишвар мусоидат кунад, изҳор дошт Ван И  ва афзуд, ки ҳамкорӣ дар мубориза бо пандемия таҳким хоҳад ёфт.

Музаффар Ашӯриён гуфт,  ки Тоҷикистон барои густариши ҳамкории ҳамаҷониба бо Чин саъй дорад. Тоҷикистон омода аст ҳамкориро дар чаҳорчӯби «Камарбанд ва роҳ» амиқтар ва  дар заминаи сармоягузорӣ, энергетика ва иқтидори  истеҳсолӣ  густариш диҳад. М.Ашуриён ба Чин барои дастгирии қавии Тоҷикистон дар мубориза бо пандемия изҳори сипос намуда, афзуд, ки Тоҷикистон омода аст ҳамкориро бо Чин дар соҳаи тибби анъанавӣ тақвият диҳад.

Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки ҳамкориро дар заминаи амният, мубориза бо «се қувваи бадӣ»  (терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ), инчунин мубориза бо ҷиноятҳои муташакили фаромарзӣ ба манзури таъмини суботи минтақа густариш диҳанд.

     АКС: Синхуа

Апрель 4, 2022 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд