Дар Агентии хизмати давлатӣ масъалаи пардохти музди меҳнати хизматчиён ҳангоми таҳсил баррасӣ гардид

Апрель 25, 2022 16:13

ДУШАНБЕ, 25.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин ҷаласаи гурӯҳи кории баайниидоравӣ оид ба омӯзиши масъалаҳои пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ҳангоми таҳсили дарозмуҳлат дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз агентии мазкур хабар доданд.

Роҳбари гурӯҳи кории байниидоравӣ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода мақсади таъсиси гурӯҳи корӣ ва фаъолияти онро, ки барои омӯзиши масъалаҳои пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ҳангоми таҳсили дарозмуҳлат дар дохил ва хориҷи кишвар равона гардидааст, иброз намуд.

Дар ҷаласаи мазкур, аъзои гурӯҳи кории байниидоравӣ -намояндагони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, адлия, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Академияи идоракунии давлатӣ, мутахассисони Агентии хизмати давлатӣ иштирок ва бо пешниҳодҳои мушаххас барои роҳандозии зумраи ҳавасмандиҳо барои хизматчиёни давлатӣ ибрози андеша намуданд.

Мавриди зикр аст, ки масъалаи мазкур дар асоси талаботҳои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби нигоҳ доштани музди меҳнат, мансабҳои ишғолшуда ё мансаби ба он баробар ҳангоми таҳсил ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ», ки 23 январи соли 2013 ба тасвиб расидааст, баррасӣ ва муҳокима карда шуд.

Тазаккур дода шуд, ки дар асоси моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ ба амал бароварда шуда, дар шакли тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ ва дар асоси фармоиши давлатӣ, дар доираи имкониятҳои буҷети давлатӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар робита ба ин, дар заминаи ҳамкории Агентии хизмати давлатӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Бунёди Ханнс Зайдел аз соли 2009 инҷониб бо дастгирии Бунёди Ханнс Зайдели Олмон дар Академияи идоракунии давлатӣ барои хизматчиёни давлатӣ магистратураи яксолаи ройгон бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ » ташкил карда шудааст.

Муовини якуми Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурез Қосимзода изҳор дошт, ки «дар натиҷаи ин ҳамкории муваффақона ба роҳмондашуда давоми солҳои 2010-2020 магистратураи мазкурро 744 (зан-210) нафар хизматчиёни давлатӣ хатм намудаанд. Аз ин теъдод хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ 386 (зан-100) нафар ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 358 (зан-110) нафарро ташкил дода, 51 (зан-16) нафари онҳо кормандони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошанд. Аз теъдоди 744 нафар 368 (зан-104) нафар ё 49,4 фоизи хатмкардагони магистратура ба болоравии мансабӣ ноил гардидаанд ва соли 2021 боз 76 (зан-24) нафар хизматчиёни давлатӣ магистратураи мазкурро хатм намуданд. Дар давраи фарогирӣ ба таҳсил хизматчиёни давлатӣ бо стипендия таъмин карда шуда, таҳсилот дар доираи имконияти буҷети давлатӣ бо бастани қарордоди сеҷониба ба роҳ монда мешавад».

Муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода зикр кард, ки масъалаи пардохти музди меҳнат дар баробари таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, инчунин таъмин бо стипендияи ҳармоҳа яке аз масъалаи муҳим маҳсуб шуда, бо такя ба санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии амалкунанда ва хулосаи вазорату идораи дахлдор қарори ниҳоӣ қабул карда мешавад.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 25, 2022 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст