Дар Қазоқистон машқҳои Низоми муштараки мудофиаи зиддиҳавоии ИДМ баргузор шуданд

Апрель 19, 2022 14:40

ДУШАНБЕ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тамрини фармондеҳию ситодии Низоми муштараки мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои ИДМ «Амнияти минтақавӣ – 2022» дар Қазоқистон баргузор шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи «Красная звезда».

Тавре муовини раиси Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои  мудофиаи зиддиҳавоӣ дар назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои ИДМ генерал-полковник Юрий Грехов иброз намуд, мавзӯи омӯзиш- омодагӣ ва истифодаи неруҳои (қувваҳои) Низоми ягонаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоии Қазоқистон ва Русия дар Минтақаи амнияти дастҷамъии Осиёи Марказӣ ва омӯзиши масъалаҳои мушкилоти истифодаи муштараки неруҳо (қувваҳо) буд.

Ёдовар мешавем, ки Низоми муштараки мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои узви ИДМ (СМ МЗҲ ИДМ) дар асоси созишнома миёни кишварҳои иттиҳод, ки 10 феврали соли 1995 дар Алмаато ба имзо расида буд, таъсис дода шудааст. Ба он Русия, Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон шомиланд.

Илова бар ин, Русия ва Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки Низоми муштараки мудофиаи зиддиҳавоӣ таъсис диҳанд, ки ҷузъи ҷудонашавандаи Низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои узви ИДМ хоҳад буд. Созишнома дар ин бора як сол қабл, 27 апрели соли 2021 аз ҷониби вазирони мудофиаи ду кишвар- Шералӣ Мирзо ва Сергей Шойгу дар Душанбе ба имзо расида буд.

   АКС: «Красная звезда»

Апрель 19, 2022 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад