Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи дастгирии молиявӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим шарҳ дода мешавад
ДУШАНБЕ, 25.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кишварҳои нисбатан сусттараққикарда бо хатарҳои бузургтарини тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ ҳастанд ва барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба дастгирии молиявии байналмилалӣ ниёз доранд. Ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, новобаста аз сарватманд ва камбизоат будан маҷбуранд, ки ба тағйирёбии иқлим мутобиқ шаванд.
Тадқиқоти Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар ташкилот нишон медиҳад, ки хароҷоти ҳукуматҳо барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар даҳсолаҳои оянда тақрибан ба 0,25 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон мерасад. Гарчанде ки ин нишондод дар сатҳи ҷаҳонӣ қобили қабул ба назар мерасад, он миқёси мушкилотеро, ки бисёре аз кишварҳои нодор ва осебпазир рӯ ба рӯ ҳастанд, инъикос намекунад.
Ба андешаи коршиносони соҳа, давоми 10 соли оянда тақрибан 50 кишвари камдаромад ва дар ҳоли рушд эҳтиёҷоти солонаро 1 дарсади ММД бештар хоҳанд кард. Дар давлатҳои хурди ҷазиравӣ, ки ба онҳо тӯфонҳои тропикӣ ва болоравии сатҳи баҳр таҳдид мекунанд, хароҷот метавонад боз ҳам зиёдтар то 20 фоизи ММД бошад. Мутаассифона, кишварҳое, ки ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим бештар эҳтиёҷ доранд, аксар вақт василаи ин корро надоранд.
Сармоягузорӣ ба устувории иқлим инчунин метавонад барои шарикони рушд аз ҷиҳати молиявӣ судманд бошад, зеро сармоягузории аввалин ба чораҳои муҳофизатӣ метавонад нисбат ба кумаки башардӯстона ва барқарорсозии офатҳои табиӣ камтар арзиш дошта бошад.
Тафсилоти бештар вобаста ба масъалаи зарурати дастгирии молиявии кишварҳои сусттараққикарда барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим имрӯз соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии «Сарват»–и радиои «Ховар» дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.








ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад






