Дар Душанбе Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 14.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти мураккаби иҷтимоию иқтисодиро паси сар карда, имрӯз ба марҳилаи сифатан нави рушди босуръат ва устувор ворид шуд. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми мамлакат бар пояи рушди устувори иқтисодӣ ва ҳадафҳои Стратегияи рушд барои давраи то соли 2030- таъмини истиқлоли энергетикӣ, самаранок истифода бурдани неруи барқ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, табдил додани давлат ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунони босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсул ҳадафҳои олии рушди дарозмуддати Тоҷикистон муқаррар гардидаанд. Ин ҳадафҳо пурра ба Ҳадафҳои рушди устувор мутобиқат менамоянд ва дар сатҳи миллию маҳаллӣ роҳандозӣ карда шудаанд. Ин матлабро 13 апрел зимни баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён баён намуд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, мавсуф аз ҳамкории Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо ва Бонки осиёгии Рушд дар татбиқи якчанд лоиҳаҳо дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр дошт, ки масъалаҳои муносибатҳои меҳнатӣ, муҳоҷирати аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва дар ин замина ба шуғл, бахусус ба шуғли пурмаҳсул ҷалб намудани шаҳрвандони кишвар зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор доранд.
Дар кори ҷаласа Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, шарикони рушд, намояндагони вазорату идораҳо ва дигар масъулин иштирок доштанд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода иброз дошт, ки Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки вазифаҳои он фароҳам овардани замина барои муколамаи сиёсӣ, сафарбаркунии захираҳо, ҳамоҳангсозии шарикони рушд, донорҳо ва вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ноил шудан ба афзалияти пешбинишудаи Ҳадафҳои рушди устувор ва Стратегияи миллии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин платформаи ҳамкорӣ самтҳои амалӣ оид ба татбиқи дурнамои вазорат дар робита ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо таваҷҷуҳ ба шуғли ҷавонон ва навоварӣ, тавсеаи шуғли пурмаҳсул, меҳнати арзанда, ҳамчунин коҳиши раванди муҳоҷират муайян карда мешаванд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки барномаи ислоҳоти бунёдии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ то соли 2026 татбиқ намудани якчанд чораҳои муассир дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, мусоидат ба шуғли шаҳрвандони бекор, ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта дар самти муҳоҷирати дохилӣ, экологӣ ва монанди инҳоро дар бар мегирад.
Ҳамчунин Рӯнамои равиш ба таҳияи Харитаи роҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва зарурату аҳамияти рақамикунонии баҳисобгирии муҳоҷирати хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ манзури донорҳо ва шарикони рушд гардида, зикр шуд, ки харитаи роҳи вазорат маҷмӯи ҳадафҳои ислоҳоти соҳаҳои вазоратро барои солҳои 2022 — 2026 дар шароите, ки бозори меҳнати ҷаҳонӣ дар марҳилаи барқароршавии баъди буҳрони бемории Covid-19 қарор дорад, бозгӯӣ менамояд.
Дар ҷараёни ҷаласа намояндагони донорҳо ва шарикони рушд доир ба масъалаҳои мазкур сухан гуфта, ташаббусҳои пешбаришударо ҷиҳати таҳкими заминаҳои муносибатҳои меҳнатӣ, тавсеаи шуғли пурмаҳсул, таҳсилоти занону ҷавонон дар шароити кунунӣ тадбирҳои саривақтӣ ва ногузир ҳисобида, барои амалӣ намудани онҳо таҳия ва татбиқи якчанд лоиҳаҳоро дастгирӣ намуданд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ








Тавассути намоишҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод беш аз 11 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 лоиҳаҳои грантии 200 зани соҳибкору ҳунарманд дастгирӣ ёфт
Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд
ИНТИХОБИ МАН — МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Дастоварду норасоиҳои соҳаи дорусозӣ кадомҳоянд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст
Дар Тоҷикистон то 5 феврал ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 шумораи қонуншиканиҳо дар самти танзими ҷашну маросим коҳиш ёфт
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд






