Дар Хоруғ мусобиқаи вилоятӣ оид ба таэквондо доир гардид
ХОРУҒ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдончаи варзишии назди маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаи вилоятӣ оид ба таэквондо оғоз гардид, ки дар он 130 нафар беҳтарин варзишгарони ин ришта ширкат доранд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Ин мусобиқа таҷрибаи хубест барои муайян намудани беҳтарин варзишгарони синну соли гуногун ва омода кардани онҳо барои мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ.
Раиси Федератсияи таэквондои вилоят, довари дараҷаи байналмилалӣ Вафоназар Алиназаров гуфт, ки “таэквондо яке аз намудҳои дӯстдоштаи варзиш барои теъдоди зиёди наврасону ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят буда, аз ҷиҳати дарёфти медалу ҷоизаҳо дар мусобиқаҳои сатҳҳои гуногун муваффақтарин намуди варзиш дар вилоят ба шумор меравад”.
Мавсуф гуфт, ки наврасону ҷавонони вилоят давоми панҷ соли охир тавонистанд дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ба гирифтани ҷоизаҳо, унвонҳои устоди варзиш ва камарбандҳои мухталифи таэквондо сазовор гарданд.
Ҳамчунин ду нафар довари вилоят ба гирифтани унвони “Довари дараҷаи байналмиллалӣ” низ шарафёб шудаанд. Мусобиқаи навбатӣ аз ин намуди хеле шавқовари варзишро мураббиёни таэквондо дар ҳавои кушод, дар майдончаи замонавии назди Кохи варзиши шаҳр баргузор намуданд, ки дар он ғолибони даври шаҳрию ноҳиявӣ иштирок намуданд.
Таэквондо барои наврасону ҷавонон аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки бо тамринҳои пайваста онҳо бадани худро ҳаматарафа обу тоб дода, метавонанд дар дигар намудҳои варзиш истеъдоду маҳорати худро намоиш диҳанд. Илова бар ин таэквондо ба феҳристи бозиҳои олимпӣ низ шомил аст ва роҳ ёфтан ба ин бозиҳо мақсади ниҳоии ҳар як варзишгар аст.
Раиси Федератсияи таэквондои вилоят гуфт, ки “бо дастрас намудани таҷҳизоти ҳисоби электронии холҳо акнун доварон метавонанд ба қувваозмоии варзишгарон баҳои дақиқу мунсифона диҳанд ва ба ҳар гуна нофаҳмиҳо низ миёни варзишгарон хотима гузоранд. Дар моҳҳои май ва июн чанд мусобиқаи сатҳи ҷумҳуривӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, ки варзишгарон талош мекунанд дар онҳо маҳорату ҳунари воло нишон диҳанд”.
АКСҲО: АМИТ Ховар








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






