Дар Хуҷанд донишҷӯёни Бӯстонро ба аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи мултимедӣ ташвиқ карданд
ДУШАНБЕ, 09.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ бо донишҷӯёни шаҳри Бӯстон, ки дар муассисаи таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд таҳсил мекунанд, баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон.
Раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ изҳор намуд, ки соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 30 соли Истиқлоли давлатӣ ба пешравиҳои зиёде ноил гардида, ба соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Сохтани мактабҳои нав, ғанӣ гаштани пояи моддӣ-техникии таълиму тарбия, афзудани шумораи мактабҳои шакли нав, таҳия ва нашри нақшаю барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, коркарди стандартҳои нав дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, густариши фазои иттилоотӣ ва ба фазои таҳсилоти байналмиллалӣ ворид шудани низоми таҳсилоти миллӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия падидаҳои неки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Гуфта шуд, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии хонандагону донишҷӯён аз 1 январи соли 2021 шумораи гирандагони спидентияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 400 ба 3000 адад ва барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 100 ба 500 адад боло бурда шуд, ки нишони баланди қадрдониву ҳавасмандгардонии ҷавонон аз ҷониби Пешвои ҷавонпарвари мо мебошад.


Мавсума Муинӣ ба донишҷӯён дар илмомӯзӣ ва фаъолияташон барору комёбӣ орзу карда, онҳоро даъват кард, ки чун ҷавонони бонангу номуси шаҳри Бӯстон бо истифода аз шароити муосири арзанда дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ фаъолият намуда, донандагони таърих, забонҳои хориҷӣ ва технологияи мултимедӣ бошанд, то дар пешрафт ва ободии Тоҷикистон саҳми босазо гузоранд.
Дар хатми мулоқот ба як гурӯҳ донишҷӯёни фаъоли шаҳри Бӯстон, ки шашмоҳаи аввали соли таҳсили 2021-2022-ро бо баҳои хубу аъло ҷамъбаст намудаанд, туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон супорида шуд.
АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






