ДАР ПАЙИ ИҶРОИ СУПОРИШҲОИ ПРЕЗИДЕНТ. Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти мурғ афзуд

Апрель 6, 2022 11:01

ДУШАНБЕ, 06.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз аввали соли равон дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти мурғ ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст. Мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзии мамлакат, афзоиши маҳсулот назар ба соли сипаригардид беш аз 47 дарсадро ташкил дод.

Тафсилоти бештар — дар ташреҳи хабарнигори АМИТ «Ховар».

Гуфта мешавад, дар моҳҳои январ-феврали соли равон дар мамлакат беш аз 7,5 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол шудааст. Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат, истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва хурд дар ин давра 1,8 фоиз афзуда, ҳудуди 2,2 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Тавре қаблан хабар дода будем, тибқи натиҷаи соли 2021 истеҳсоли гӯшти мурғ аз рӯи ҳама навъҳои технология дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 30 дарсад афзоиш ёфтааст. Бино ба маълумоти оморӣ, то охири соли 2020 дар ҷумҳурӣ 9 миллиону 753 ҳазору 156 сар мурғ (нисбат ба соли 2017 1,8 маротиба зиёд) парвариш карда шуда, 984 ҳазор дона тухм (нисбат ба соли 2017 2,9 маротиба зиёд) ва 30,6 ҳазор тонна гӯшти мурғ (нисбат ба соли 2017 4,5 баробар зиёд) истеҳсол карда шуд. Шумораи корхонаҳо дар мамалакат то охири соли 2020 ба 202 адад расид, ки нисбат ба соли 2017 се баробар зиёд аст. Ҳаҷми воридоти гӯшти парранда дар соли 2020 нисбат ба соли 2017 се маротиба коҳиш ёфтааст.

Дар Тоҷикистон, аз рӯи нақша, то дар соли 2022 истеҳсоли гӯшт ба 278,1 ҳазор тонна расонда мешавад. Тибқи таҳлилҳо, имсол ҷумҳурӣ ният дорад ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми 30 ҳазор тонна гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ содирот намояд.

Бояд зикр намуд, ки солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон роҳи воридотивазкуниро пеш гирифта, барои истеҳсолкунандагони ватании гӯшти мурғ ва тухм имтиёзҳо фароҳам овардааст. Аз ҷумла, бекор кардани боҷи гумрукӣ ҷиҳати воридоти технология, таҷҳизот ва масолеҳ барои саноати мурғпарварӣ. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин корхонаҳоеро, ки хӯроки омехтаи парранда ва ҳайвоноти дигарро истеҳсол мекунанд, ба муддати 6 сол аз пардохти андоз аз даромад, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарии роҳ ва андози амволи ғайриманқул озод кард.


Қарори нави Ҳукумат дар бораи боло бурдани мизони боҷи гумрукӣ то андозае ба дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ нигаронида шудааст. Ба гуфтаи мутахассисони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба рушди мурғпарварӣ дар дохили ҷумҳурӣ набудани имтиёз барои воридоти гӯшти мурғ ва воридшавии маҳсулоти пастсифат монеъ мешуд. Ба гуфтаи онҳо, Тоҷикистон аз ҳисоби коҳиши воридоти гӯшти мурғ метавонад дар як сол ба андозаи 10 миллион доллар сарфа кунад.

«Саноати мурғпарварӣ ягона соҳаи кишоварзист, ки аз ҳама гуна андозу пардохтҳо озод шудааст. Ин имкон дод, ки тамоми соҳибкорони ҳавасманд ба рушди мурғпарварӣ ҷалб карда шаванд», — иброз дошт академики Академияи илмҳои кишоварзии мамлкат Давлатҷон Комилзода.

Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сатҳи истифодаи иқтидорҳои истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ ҳамагӣ 20,5 фоизро ташкил медиҳад. Вазорат бар он бовар аст, ки Тоҷикистон имкони на танҳо таъмини аҳолии мамлакат бо гӯшт, аз ҷумла гӯшти мурғ, балки содироти онро низ дорад.

Дар ҳоли ҳозир нархи гӯшти мурғи истеҳсоли маҳаллӣ дар бозорҳо барои 1 кг дар муқоиса бо 25-35 сомонӣ дар соли гузашта аз 35 то 45 сомониро ташкил медиҳад. Нархи бозории як кило гӯшти гов дар Тоҷикистон 65-67 сомонӣ аст. Яке аз омилҳоро хабарнигори «Азия Плюс» «ноустувории қурби асъор» медонад, зеро «маҳсулотьи байторӣ ва хӯроки парранда, маводи масрафии таҷҳизот ва худи таҷҳизот бо доллар харидорӣ мешаванд».

Ба гуфтаи ӯ, талабот ба гӯшти мурғ ҳам аз ҷониби аҳолӣ ва ҳам дар нуқтаҳои хӯрокворӣ меафзояд. Ин метавонад боиси болоравии нархҳои фурӯшандагони чакана гардад.

«Сабаби асосии бо гӯшти мурғ таъмин нагардидани аҳолии ҷумҳурӣ қаблан дар набудани мурғҳои якрӯза ва тухми инкубӣ аз чормағзҳои гӯштӣ буд», — зикр карданд дар Вазорати кишоварзӣ. Вале имрӯз ин масъала ба таври мусбат ҳал карда шуда, истеҳсоли мурғу тухм боз ҳам зиёд карда мешавад.

Тибқи иттилои вазорат, бо мақсади иҷрои барномаи комплексии рушди соҳаи чорводорӣ дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатии «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» ташкил намудани рамаҳои зотии чорвои гӯштӣ ҷиҳати таъмини истеҳсоли чӯҷаҳои якрӯза ва зиёд кардани истеҳсоли гӯшти паранда дар ҷумҳурӣ идома дорад.

«Пешрафте, ки имрӯз дар бозори истеъмолии мамлакат мушоҳида мешавад, ин ҳама натиҷаи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тараққӣ додани чорводорӣ, мурғпарварӣ, боғу токпарварӣ ва самаранок истифода бурдани майдонҳои кишт, махсусан заминҳои обӣ, барпо намудани кишти такрорӣ, ба даст овардани ду ва зиёда ҳосил мебошад— гуфт дар суҳбат бо мо президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишовразӣ Нуралӣ Асозода. – Аз ҷумла, Сарвари давлат се сол пеш зимни сафари кории худ ба Данғара ба рушди чорводорӣ таваҷҷӯҳи хоса дода, барои зиёд намудани истеҳсоли тухм, гӯшт ва шир, таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти хушсифат, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо бештар кушодани нуқтаҳои бордоркунии сунъй ва бо ин роҳ афзоиш додани саршумори зотҳои сермаҳсули чорво ба вазорату идораҳои дахдор супоришҳои мушаххас дода буданд».

 

 

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 

ДАР АКС: моҳи сентябри соли 2019 Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи нави мурғпарварии ҶДММ «Сомон» дар Кӯлоб дидан карданд, ки барои 200 ҳазор сар мурғ пешбинӣ шудааст. Акс: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ / АМИТ «Ховар»

Апрель 6, 2022 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»