Дар Роштқалъа даври дуюми озмуни «Ватанпарвар» баргузор гардид

Апрель 7, 2022 14:50

ХОРУҒ, 07.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдончаи варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Видоҷи ноҳияи Роштқалъа даври ноҳиявии озмуни ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид, ки дар он муассисаҳои таълимии шаш ҷамоати ин ноҳия ширкат намуданд. Иштирокчиёни озмун аз намудҳои сафороӣ, вазнбардорию бандкашӣ, дорбозию ба рӯ кашидани ниқоби газӣ ва амсоли инҳо миёни ҳам рақобат намуданд, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Муовини сардори Бошгоҳи варзишию техникии Ташкилоти мададгори мудофиаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Наҷиб Солеҳҷонов шартҳои озмуни «Ватанпарвар»-ро тавзеҳ дода, изҳор намуд, ки “яке аз ҳадафҳои озмун — ин баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва ифтихор аз ватану миллат мебошад. Ҳамчунин ба хизмати Модар-Ватан омода намудани насли наврас аз мақсадҳои дигари ин озмун аст. Пайваста баргузор намудани ҳамин гуна чорабиниҳои ҳарбию варзишӣ буд, ки дар чанд соли охир нақшаи даъвати баҳорию тирамоҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар як рӯз таъмин мегардад”.

Дар озмуни ноҳиявӣ шаш даста аз ҷамоатҳои деҳоти Барвоз, Сежд, Роштқалъа, Қурбоншо Гадоалӣ, Мирсаид Миршакар ва Тусён ширкат варзида, миёни ҳам аз намудҳои гуногуни ҳарбӣ-варзишӣ рақобат карданд.

Озмуни «Ватанпарвар» бо шарти аввал — сафороӣ оғоз гардид. Хизмати ҳарбӣ дар кулли қисмҳои низомӣ  маҳз аз сафороӣ, қадамзании бонизом, иҷрои амрҳои афсарон шурӯъ мешавад ва аз ин рӯ наврасон бояд аз давраи таҳсил дар мактаб бо тарзу шеваи сафороӣ аз наздик шинос бошанд. Агар наврасон то хизмати ҳарбӣ маълумоти ибтидоии назариявию амалӣ дошта бошанд, мушкилиҳои аввали хизмати ҳарбиро ба осонӣ пушти сар мекунанд.

Ҳамин тавр, иштирокчиён шартҳои дигари озмун- вазнбардорию бандкашӣ, дорбозӣ, ба рӯ кашидани ниқоби газӣ, тирпаронӣ ва амсоли инҳоро иҷро намуданд.

Дар ҷамъбасти озмуни «Ватанпарвар» мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Роштқалъа  Мамадамбар Мамадамбаров ба мутахассисони Бошгоҳи варзишию техникии вилоят, Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия ва  омӯзгорони дифои ҳарбӣ барои дар сатҳи баланд баргузор кардани озмуни «Ватанпарвар» аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия миннатдорӣ баён кард. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки дастаи мунтахаби ноҳия дар озмуни вилоятӣ маҳорат ва истеъдоди баланд нишон дода, сазовари мақоми ифтихорӣ мегардад.

Акнун ҳакамони озмуни ноҳиявӣ аз миёни шаш даста беҳтаринҳоро интихоб ва онҳоро ба озмуни вилоятӣ омода мекунанд. Ногуфта намонад, ки соли гузашта дастаи мунтахаби ноҳияи Роштқалъа дар озмуни вилоятӣ ҷои аввал ва дар озмуни ҷумҳуриявӣ мақоми дуввумро гирифт.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Апрель 7, 2022 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намоем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои фоиданокӣ қаламфури булғориро бе коркард, дар шакли тару тоза истифода баред
Дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаи муосири забҳи парранда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад
Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад
Муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода: «Мардум ба Пешвои миллат боварӣ ва эътимод дорад»
Тоҷикистон дар партави ваҳдати миллӣ ба сӯи шукуфоии нав қадам мегузорад
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб