Дар Спитамен ҷаласаи аввалини ситоди корӣ оид ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон доир шуд

Апрель 6, 2022 11:17

ДУШАНБЕ, 06.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 апрел дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ҷиҳати  таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи аввалини ситоди корӣ бо иштироки аъзои гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласаи ситоди корӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода,  муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аъзои гурӯҳи кории ҷамоатҳо, соҳибкорон, имомхатибон, роҳбарони муассисаҳои маориф, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Дар ҷаласа масъалаҳои ҷараёни иҷрои нақшаи андоз дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва саноат ба ҷамъбасти семоҳаи якум, иҷрои дурнамои кишти пунбадона дар  хоҷагиҳои кишоварзӣ, вусъат додани корҳои саҳроӣ, омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ва муаррифии аъзои гурӯҳи кории ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баррасӣ гардиданд.

Зикр гардид, ки бо мақсади таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои фарҳанги миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022 «Дар бораи ҷашн гирифтани 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Дар ин раванд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен баргузории корҳои омодагиро ба нақша гирифтааст.

Зимни ҷаласаи ситоди корӣ масъалаҳои вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати ин ҷашни миллӣ бо ҷалби аҳли ҷомеа, махсусан соҳибкорону шахсони саховатманд, ҳамчунин тибқи барқияи ҳукуматӣ расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин, вусъат додани корҳои ниҳолшинонӣ, таҳлили вазъи муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанг низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Баъди анҷоми ҷаласаи ситоди корӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода ва Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нуъмонзода аз якчанд иншооти ноҳияи Спитамен дидан намуданд. Ин ташаббус ҷиҳати таҳким бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ баҳри таҷлили сазовори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Мавлуда Қаландарзода ба масъулин ҷиҳати сифатнок ба роҳ мондани корҳои сохтмонӣ ва вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 35-солагии истиқлоли давлатӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

Масъулин муваззаф шуданд, ки иншооти ҷашниро дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд намуда, корҳои созандагиро таҳким бахшанд.

АКСҲО: Суди Олии иқтисодии ҶТ

Апрель 6, 2022 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешаванд
Ҳунарманди муҳрабоф Заррина Сайфиддинова бо маблағи гранти президентӣ маркази омӯзишӣ таъсис медиҳад
Бо масъулони соҳаи молия ва андоз дар шаҳри Бохтар ҷаласа баргузор шуд
Панелҳои офтобӣ дар таъмини энергияи «сабз» чӣ аҳамият доранд?
Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ барои солҳои 2025-2030» татбиқ мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси дуюми ҷаҳонӣ оид ба истифодаи маълумот барои таҳкими чораҳои зиддикоррупсионӣ иштирок намуд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия ҳамоиши идона доир шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру» созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд бинои нави Маркази микроҷарроҳии чашм бунёд мегардад
Доир ба Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон брифинг баргузор шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи бартарафсозии омилҳои коррупсионӣ баррасӣ гардид
Дар дараи Искандаркӯли ноҳияи Айнӣ муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад