Дар Тоҷикистон 92,9 фоизи шаҳрвандон вояи якуми ваксина бар зидди COVID-19 гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 22.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. То 20 апрел дар Тоҷикистон 5 миллиону 202 ҳазору 268 нафар, яъне 92,9 фоизи аҳолии мамлакат ба вояи якуми ваксинатсия бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шудаанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи омори Вазорати тандурустии мамлакат, 5 миллиону 27 ҳазору 496 нафар, ё худ 89,8 фоиз бо вояи дуюм, 1 миллиону 756 ҳазору 58 нафар ё 31,4 дарсад бо вояи сеюм моякӯбӣ шудаанд.
Барои эмкунии саривақтии аҳолӣ ва пешгирии бемории коронавирус тавассути механизми байналмилалии COVAX ва кумакҳои башардӯстона аз аввали сол 14 миллиону 516 ҳазору 60 вояи доруҳои AstraZeneca, CoronaVac, Moderna, ваксинаҳои «Спутник V» ва «Пфайзер» ба мамлакат оварда шудаанд. Ҳама ваксинаҳо дар анборҳои махсуси Вазорати тандурустӣ нигоҳ дошта шуда, дар ҳолати зарурӣ ба шаҳру ноҳияҳо интиқол дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки тадбирҳои андешида дар самти мубориза бар зидди коронавирус имкон доданд, ки аз 15 марти соли 2022 фаъолияти гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Узбекистон ба ҳолати муқаррарӣ гузаронида шаванд.
Миёни аҳолӣ низ истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ бекор карда шудааст. Тӯйҳо, ҷашну маросими миллӣ тибқи қонунгузории амалкунанда гузаронида мешаванд.
Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 июли соли 2021 ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони аз 18 — сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.
Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат ройгон гузаронида мешавад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






