Дар Тоҷикистон мавсими қулфинай оғоз шуд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба чӣ гуна парвариш намудани он маълумот медиҳад

Апрель 11, 2022 14:24

БОХТАР, 11.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон қулфинай яке аз меваҳои маъмултарин ба шумор меравад. Талаботи аҳолӣ нисбат ба он хеле зиёд аст. Аллакай имрӯз дар бозорҳои кишвар метавон 1 кг меваи пухташуда, болаззат ва ширадори онро бо қимати 20-25 сомонӣ харидорӣ намуд. Рӯзҳои наздик қулфинай зиёд мешавад ва нархҳо то ба ба ҳадди ақалл паст мегарданд. Дар бораи он ки ин меваро дар кишвари мо чӣ гуна парвариш додан мумкин аст, мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Зулайхо Ғоиб зимни боздид аз яке аз хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон маълумот медиҳад.

Ноҳияи Вахш бо парвариши қулфинайи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва хушсифат машҳур аст. Деҳқонон тамоми саъю талошашонро ба он равона карда истодаанд, ки ҳосили фаровон рӯёнанд.

Сокини деҳаи Қизилсой-1-и ҷамоати ба номи Кирови ноҳияи Вахш Мирзо Шоев бо маҳорати баланди парвариши қулфинай дар тамоми ноҳия маъруф гаштааст. Ӯ зиёда аз 10 сол боз ба ин кор машғул аст.

Дар 8 гектар замин ӯ ҳамроҳи аҳли хонаводааш ба парвариши қулфинайи навъи «Российская» машғул аст. Ҳоло ҷамъоварии ҳосил бо суръат идома дорад.


«Аз ҳар буттаи он имкон аст то 25-30 меваи калонҳаҷм ҷамъоварӣ намоем, ки ин тақрибан 1 кг аст ва паҳнии ҳар як қулфинай қариб ба 70 см мерасад. Барои оне ки ҳосили хуб гирем, мо ҳамасола дар моҳи август буттаҳои кӯҳнаро ба нав иваз мекунем. Ҳосилро имкон аст ду маротиба дар як сол бигирем, харидорон ҳосилро аз хона дастрас мекунанд ва онҳо  асосан аз Хуҷанданд»,-гуфт Мирзо Шоев.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи талаботи агротехникӣ дар як метр замин 5 бех қулфинай мешинонанд. Парвариши он душвор буда, нигоҳубин ва диққати махсус талаб мекунад. Қулфинай офтобро дӯст медорад, ки он дар Тоҷикистон хеле зиёд аст, аз ин рӯ қулфинайи кишвари мо ширин аст.


«Барои ба даст овардани ҳосили хуб каланд кардан, бо василаҳои зидди зараррасонҳо коркард кардан ва додани нуриҳову дуруст додани об лозим аст, то ки қулфиинай тезтар пухта расида, напӯсад. Дар ин кор ҳамаи аъзои оила аҳлона кор мекунанд, барои он ки онҳо то кадом андоза муҳим будани таъмини аҳолии кишвар бо ин меваро дарк мекунанд. Онро дар хӯрок на танҳо дар шакли тару тоза, балки ба таври коркардшуда низ истеъмол менамоянд. Аз он мураббо, ҷем, нӯшобаи хеле хушмазза омода мекунанд, онро инчунин метавон ях кунонида, дар ҳолати зарурӣ истифода бурд»,-иброз намуд деҳқон.

Қулфинай-сарчашмаи бойи витаминҳои А, В, С, Е ва минералҳои калий, фосфор, калтсий, магний, оҳан, йод, манган мебошад. Мева дорои маҷмӯи пурраи ҷузъҳои фаъоли биологие мебошад, ки ба организм таъсир мерасонанд, саломатиро пурқувват ва сар задани бемориҳои гуногунро пешгирӣ менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 11, 2022 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад