ДАР ТОҶИКИСТОН НАРХИ КАРТОШКА, ҚАНД ВА СӮЗИШВОРӢ АРЗОН ШУД. Ҳукумати мамлакат танзими давлатии нархи маҳсулоти асосии озуқаро ба роҳ мондааст

Апрель 28, 2022 12:07

ДУШАНБЕ, 28.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Болоравии нархи молу маҳсулот дар ҷаҳон, хусусан, маводи озуқа ва сӯзишворӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири худашро мерасонад. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат Нақшаи тадбирҳо оид ба пешгирии хавфи таъсири эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ қабул гардидааст, ки он масъалаҳои таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро низ дар бар мегирад.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018 номгӯи 19 навъи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ қабул гардидааст, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд:


— орд (навъи 1, 2);

— нон аз орди навъи 1,2;

-маҳсулоти макоронӣ;

-гандум;

— биринҷ;

— картошка;

-сабзавот: сабзӣ, пиёз, карам;

— қанди сафед, шакар;

— равғани растанӣ: равғани пахта, офтобпараст, равғани маска; —

— маҳсулои ширӣ: шир, ҷурғот, қаймоқ, творог;

— наск, нахуд, марҷумак, ярмаи ҷав;

— гӯшт: гӯшти гов, гӯшти гусфанд, гӯшти мург;

— тухми мурғ;

— намак;

— чойи сабз ва сиёҳ;

— ғизои кӯдакон;

— маҳсулоти нафтӣ: бензини мошинҳо, сӯзишвории дизелӣ, гази моеъ;

-маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ;

— нуриҳои минералӣ, органикӣ ва химиявӣ барои соҳаи кишоварзӣ.

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани назорат ва танзими давлатии нархҳо барои молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ ваколатдор мебошад.

Дар заминаи талаботи қарорҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022 тасдиқ гардидааст, Хадамоти зиддиинҳисорӣ вазъи бозори истеъмолӣ ва пешгирӣ аз ҳолатҳои болоравии беасоси нархи номгӯи маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ заруриро зери назорат қарор дода, як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Аз ҷумла вобаста ба танзимдарории нархҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, пешгирии ҳолатҳои болоравии беасоси нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, муайян намудани омилҳои болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани нархи молу маҳсулот гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, ба бозорҳои истеъмолии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд.

Мониторинги гузаронидашуда ва корҳои фаҳмондадиҳию назоратӣ асосан маҳсулотҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, аз ҷумла орд, равғани растанӣ, шакар, гӯшти гов, гӯшти гусфанд, гӯшти мурғ, тухми мурғ, биринҷ ва марҷумакро дарбар гирифт. Тибқи мониторинги ҳаррӯзаи гузаронидашуда ба ҳолати 18 апрели соли 2022 нисбат ба ҳолати 25 феврали соли равон, ки асосан афзоишёбии нархи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ аз ҳамин давра ба мушоҳида мерасид, орди навъи якуми истеҳсоли ватанӣ 19,6 фоиз, орди навъи якуми воридотӣ 6,9 фоиз, биринҷ 5,5 фоиз, равғани офтобпараст 12,2 фоиз, равғани пахта 11,2 фоиз, шир 15,6 фоиз, тухми мурғ 10,7 фоиз сӯзишворӣ аз 7,8 то 11,9 фоиз афзоиш ёфтааст, ки сабаби асосии боло бурдани онҳо он аз ҷониби соҳибкорон дар болоравии қурби асъор ва афзоиши нарх дар давлатҳои таҳвилдиҳанда рабт дода мешавад.

Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар интишори худ аз 8 апрели соли 2022 зикр намудааст, ки нишондоди миёнаи индекси ҷаҳонии маҳсулоти озуқаворӣ дар моҳи марти соли равон 159,3 бандро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи феврали ҳамин сол ба ҳисоби миёна 12,6 фоиз зиёд мебошад.

Нархи ҷаҳонии гандум дар давоми моҳи март нисбат ба моҳи қаблӣ 19,7 фоиз, равғани растанӣ 23,2 фоиз ва шакар 6,7 фоиз афзудааст.

Ба раванди баландшавии нархи бархе аз маҳсулот дар бозори дохилӣ, инчунин тағйирёбии қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари амрикоӣ таъсири манфии худро расонид, ки афзоишёбии он ба ҳолати 9 марти соли равон 15 фоизро ташкил додааст.

Айни ҳол, мувофиқи қурби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 доллари ИМА нисбат ба пули миллии сомонӣ ба ҳолати имрӯза 12,50 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондод дар қиёс ба 9 марти соли равон ба ҳисоби миёна 3,85 фоиз коҳиш ёфтааст.

Дар ин замина, эҳтимоли ташаккулёбии нархи фурӯши яклухти 1 халта орди навъи якум ва навъи олӣ дар асоси маълумоти ҶДММ «Хубҷамъ Инвест» вобаста ба коҳишёбии қурби асъори хориҷӣ нисбат ба пули миллӣ ба ҳолати 11 апрели соли 2022 (1 доллар баробар ба 12,5 сомонӣ) метавонад аз 311 то 323 сомонӣ ташаккул ёбад.

Ин дар ҳолест, ки ин нишондиҳанда ба ҳолати 4 апрели соли 2022 барои як халта орди навъи якум 307 сомонӣ ва барои орди навъи олӣ 318 сомониро ташкил медод.

Қобили зикр аст, ки тибқи фармони дахлдори ба тасвибрасонидаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон барои содироти гандум аз 16 апрел то 15 июни соли равон маҳдудият ҷорӣ гардида, содироти он тариқи квота ба роҳ монда шудааст, ки бинобар ин ҳолат шарикони қазоқистонии ширкатҳои воридкунанда нархи 1 тонна гандумро 350 доллари ИМА пешниҳод намуда истодаанд.

Дар ин сурат афзоиши нархи 1 халта орди навъи якум дар корхонаҳои ордбарорӣ ҳангоми бетағйир мондани дигар моддаҳои хароҷотӣ метавонад аз 332,73 то 337,41 сомонӣ ва то ба шаҳри Душанбе дастрас шудани он аз 352,73 то 357,41 сомонӣ пешгуӣ карда шавад.

Мувофиқи мониторинги гузаронидашуда дар заминаи тағйирёбии нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, инчунин қурби асъор ба ҳолати 11 апрел нисбат ба 15 марти соли равон дар нархи як қатор номгӯи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ дар бозорҳои истеъмолӣ дигаргунӣ ба мушоҳида расида истодааст.

Аз ҷумла, ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ нархи биринҷ 2,5 фоиз, картошка 2,8 фоиз, қанди сафед 4,5 фоиз, гӯшти мурғ 1,2 фоиз, сӯзишвории навъи АИ 95 – 8,1 фоиз, сӯзишвории навъи АИ 92 – 6,1 фоиз, сӯзишвории дизелӣ 4,4 фоиз ва гази моеъ 7,9 фоиз коҳиш ёфта, ҳамзамон як халта орди навъи якуми истеҳсоли ватанӣ ба қадри 2,2 фоиз, орди навъи дуюми истеҳсоли ватанӣ 2,9 фоиз, шакар 1,8 фоиз, равғани офтобпараст 3,1 фоиз, равғани пахта 1,6 фоиз, шир 7,6 фоиз, гӯшти гов 0,2 фоиз, гӯшти гӯсфанд 0,8 фоиз ва тухми мурғ 2,5 фоиз афзоиш ёфтааст.

Бояд гуфт, ки 16 марти соли равон бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ба тасвиб расид, ки дар асоси он ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023 мораторий эълон карда шуд.

Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз аввали соли 2022 то эълон шудани мораторий зимни назорат, таҳлил ва мониторингҳои гузаронидашуда вобаста ба риояи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ ба маблағи умумии 2 млн сомонӣ аз ҳисоби вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ даромади дар натиҷаи қонунвайронкуниҳо ба даст овардашуда ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии тартибдодашуда ошкор карда, аз маблағи зикршуда зиёда аз 625,5 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлатӣ интиқол дода шудааст.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ минбаъд низ ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии барномаву нақшаҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида чораҳои амалӣ меандешад.

Раъно НУСРАТУЛЛОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 28, 2022 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ ВЛАДИМИР ПУТИН БО САФАРИ КОРӢ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД. Ӯ бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом медиҳад
ПРЕЗИДЕНТ СУПОРИШ ДОДАНД: ТАТБИҚИ БАРНОМАҲО ОИД БА РУШДИ ВМКБ ТАЪМИН КАРДА ШАВАД. Дар минтақаи аз ҷиҳати ҳудуд калонтарини Тоҷикистон тараққиёти босуръати соҳаҳо пешбинӣ мешавад
«Пояндаву абадӣ бод Ваҳдати миллии мо!»,- бардошт аз тантанаҳои идона дар вазорату идораҳо ва дигар мақомоти Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун сабақи омӯзандаи таърихӣ ва нодир аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид
Президенти мамлакат мардуми Тоҷикистонро ба он даъват намуданд, ки ҳамеша дар фикри ҳимояи сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ бошанд
Раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид: «Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба муттаҳидию ҳамраъйии мардум мусоидат кард»
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистонро номбар карданд
«ДАР ДУНЁ ҲЕҶ НЕРУЕ БУЗУРГТАР АЗ ҚУВВАИ ВАҲДАТ НЕСТ!». Чунин иброз медорад мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Шоҳмансур Зебинисо Султонова
ҚУВВАИ МО ДАР САРҶАМЪИСТ. Мулоҳизаҳои сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода дар пешорӯи Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА АҲАМИЯТИ МИЛЛИВУ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲИ ТОҶИКОН. Мулоҳизаҳои доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода
«ДӮСТ БОШЕД, ИТТИФОҚ БОШЕД…». Ин даъвати Пешвои миллат барои мо мисли зангӯлаи бедориву ҳушёрист, мегӯяд муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Наргис Шарифзода
БОРИ АВВАЛ ДАР 30 СОЛ! Ид дар перрон: дирӯз қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Тошканд раҳсипор шуд