Дар Тоҷикистон низоми миллии ҷустуҷӯии монанд ба Яндекси русӣ ва Google-и амрикоиро таҳия намудаанд

Апрель 22, 2022 10:44

ДУШАНБЕ, 22.04.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Тоҷикистон барномасозон низоми миллии  ҷустуҷӯии монанд ба Яндекс ва Google-ро таҳия намудаанд. Он Dodaho («Додаҳо») ном дорад. Созмондиҳандагон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир аз низоми ҷустуҷӯии онҳо ҳамарӯза аз 20 то 50 ҳазор корбар истифода мебарад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Таъсисдиҳандаи барнома Файзуллоҷон Сафаров, омӯзгори филиали донишгоҳи МИСиС дар шаҳри Душанбе зимни суҳбат бо «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки аллакай 4 сол аст ҳамроҳ бо дӯстонаш аз болои ин лоиҳа кор мебарад.

«Мо тақрибан 3-4 сол аст, ки болои ин барнома кор карда, маълумоти зиёде ҷамъ овардаем. Яке аз тафовутҳои низоми ҷустуҷӯии мо аз Google ва Яндекс дар он аст, ки Додаҳо дар бораи минтақаи мо маълумоти дақиқтар медиҳад», — гуфт Сафаров.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир онҳо барои роҳандозии замима ва браузери алоҳида барои низоми  ҷустуҷӯии худ кор мекунанд.

«Ман ба муваффақияти лоиҳа бовар доштам. Пас аз як ҳафта барнома нашр мешавад ва дар Google play пайдо мегардад, ки корбарон метавонанд онро аз он ҷо боргирӣ намоянд. Дар оянда мо нақша дорем, ки браузери алоҳида мисли Google, Opera ва Yandex барои компютерҳо ба кор андозем», — зикр кард муаллифи лоиҳа.

Барои амалишавии лоиҳа муаллифон маблағҳои шахсии худро сармоягузорӣ кардаанд. «Ҳеҷ кас ба мо бовар накард ва гуфтанд, ки рақобат бо чунин ҷустуҷӯкунандаҳо ба мисли Google ва Яндекс мушкил аст. Асосан лоиҳаро волидайн, бародарон ва чанде аз дӯстонам, ки ҳоло дар татбиқи он бо ман ҳамкорӣ мекунанд, маблағгузорӣ намуданд», — гуфт Файзуллоҷон Сафаров.

Ёдовар мешавем, ки қаблан дар Тоҷикистон талоши таъсиси як шабакаи иҷтимоии миллӣ сурат гирифта буд. Масалан, соли 2012 аз ҷониби донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд чунин як шабака – www.socialnet.tj таъсис дода шуд. Аммо аз сабаби нарасидани маблағ лоиҳа амалӣ нагардид.

Шояд ин дафъа ба он муваффақ мешаванд ва мо ба наздикӣ шоҳиди дар мамлакатамон пайдо шудани боз як ширкати калон мегардем? Тавре мегӯянд, аз карнайчӣ як пуф. Ва инчунин, тавре яке аз мутафаккирони барҷастаи чинӣ Чин Дао Де Дзин гуфтааст: «Ғолибият бар душвориҳо аз осонӣ оғоз мегардад, амалисозии корҳои бузург аз хурд сар мешавад, зеро дар ҷаҳон мушкил аз осон ва бузург аз хурд ташаккул меёбад ».

Зимнан бояд гуфт, ки ҳоло бузургтарин дар ҷаҳон низоми ҷустуҷӯии Яндекс ва Google дар ибтидо ноқис буданд ва онҳоро низ олимони ҷавон сохтаанд. Онҳо ба бозори ҷаҳонӣ қариб дар як вақт – дар охири солҳои 90-ум ворид шудаанд. Аввалин шакли кории  “Яndex»  барои ҷустуҷӯи иттилоот дар доираи танҳо як веб-сайт буд.

Ёдовар мешавем, ки низоми ҷустуҷӯии худиро  Олмон  (aarno.de),  Ҷопон (Yahoo! Japan), Ҳиндустон (123Khoj.com, indiamart.com), Чин (Baidu), Озарбойҷон (aztop.com), Қазоқистон (Kaz.kz) ва дигар кишварҳо доранд.

 АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 22, 2022 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»