ДАВЛАТИ ПИРӢ. СММ даъват кард, ки 50 роҳбар барои ҳимояи ҳуқуқи пиронсолон дар кишварҳои худ қадрдонӣ шаванд

Апрель 29, 2022 13:46

ДУШАНБЕ, 29.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пиршавии солим имкони умри дароз ва лаззат бурдан аз ин ҳаёт аст: кор кардан, таҳсил намудан, истироҳат кардан, хӯроки солим хӯрдан, ба кино ва театр рафтан, дар даҳсолаи нуҳум ва ҳатто даҳуми ҳаёт саёҳат кардан ва нигоҳубини дурусти тиббӣ доштан. Давомнокии умр ва сифати он асосан аз он вобаста аст, ки дар кадом кишвар ё шаҳр зиндагӣ мекунед.

Барои ҷалби таваҷҷуҳ ба ин масъала Маҷмаи Умумии СММ давраи аз соли 2021 то 2030-ро «Даҳсолаи пиршавии солим» эълон кард. Дар доираи ин Даҳсола СММ ташаббуси «Пиршавии солим 50»-ро ҷиҳати эътирофи 50 роҳбаре эълон нашр кард, ки барои тағйир додани ҷаҳон талош меварзанд, то саёраи мо ба ҷои муносб барои пиронсолон табдил ёбад. Ин ташаббус аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), Раёсати СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ дастгирӣ пайдо намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти созмони ҷаҳонӣ хабар медиҳад.

Даҳсолаи пиршавии солим ҳамкории умумиҷаҳонӣ буда, ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар 10 соли охир мувофиқат мекунад ва ҳукуматҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, агентиҳои байналмилалӣ, мутахассисон, доираҳои илмӣ, ВАО ва бахши хусусиро барои беҳбуд бахшидан ба зиндагии пиронсолон, оилаҳои онҳо ва ҷамоатҳое, ки онҳо дар он зиндагӣ мекунанд, муттаҳид месозад.

Директори ТУТ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Этйен Круг гуфт, ки имрӯз мо дар баробари корҳое, ки барои одамони солхӯрда мекунем, тарзи қабули худи раванди пиршавиро низ бояд тағйир диҳем. «Дар бахшҳои гуногун роҳбароне ҳастанд, ки аллакай барои беҳтар кардани саломатӣ ва некуаҳволӣ дар пирӣ навоварӣ мекунанд. Фурсати он расидааст, ки ин одамонро қадрдонӣ кунем ва бо нишон додани он ки чӣ кор кардан мумкин аст, ба дигарон илҳом бахшем», — илова намуд Этйен Круг.

Сухан дар бораи роҳбароне меравад, ки дар пиршавии солим саҳми муҳим доранд — хоҳ дар маъмурият, хоҳ дар шаҳрдорӣ, хоҳ дар воситаҳои ахбори омма, хоҳ дар донишгоҳ, тиҷорат, ҷамоаҳои маҳаллӣ ва ғайра. Номзадҳо метавонанд ба ҳама гуна соҳаҳои фаъолият пешниҳод карда шаванд.

Умри аҳолӣ босуръат боло меравад

Имрӯз одамон назар ба 50 соли пеш 20 сол зиёдтар умр мебинанд. Соли 2020 дар ҷаҳон 728 миллион нафар одамони синну соли 65 ва болотар аз он зиндагӣ мекарданд, ки тақрибан 9 дарсади шумораи умумиро ташкил медод. Ин нишондиҳанда соли 2030 ба 12 дарсад ва соли 2050 ба 16 дарсад мерасад.

Гузашта аз ин, то миёнаи аср шумораи шахсони аз 80-сола боло беш аз се баробар зиёд мешавад, яъне онҳо ба ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ ниёз пайдо мекунанд. Ин вазифа осон нест, зеро паст шудани дараҷаи таваллуд ва зиёд шудани давомнокии умр ба сарбории системаҳои ҷамъиятии давлатҳо боис мегардад.

То охири садсола давомнокии эҳтимолии умр ҳангоми таваллуд дар ҷаҳон аз 82 сол зиёд мешавад. Дар давраи солҳои 2015-2020 давомнокии миёнаи умр дар ҷаҳон барои занон 74,7 сол ва мардон 69,9 солро ташкил дод.

Имконияте, ки солҳои иловагии ҳаёт фароҳам меоранд, на танҳо ба мавҷуд набудани беморӣ, балки ба фароҳам овардани муҳити мувофиқ низ вобастаанд.

Дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди пиршавии аҳолӣ истисно нест, оқибатҳои ин «инқилоби осоишта» ба мо низ таъсир мерасонанд. Ҳамин тариқ, пиршавии аҳолии Тоҷикистон ба баланд шудани давомнокии умр алоқаманд аст. Бори аввал маълумот дар бораи пиршавии аҳолӣ дар Тоҷикистонро Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2013 ва 2015 зикр карданд. Давомнокии миёнаи умр аз 68,2 соли соли 2000 дар соли 2011 ба 72,5 сол расид. Соли 2015 давомнокии миёнаи умр ба 74,3 сол расид, ки нисбат ба соли 2000 5 сол зиёд аст. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 зикр гардид, ки давомнокии миёнаи умр дар муқоиса бо соли 2000 (он замон 68,2 сол буд) 75 солро ташкил дода, дар ин муддат 6,6 сол афзоиш ёфтааст.


Тибқи пешгӯиҳо, то соли 2030 шумораи афроди аз 60-сола боло беш аз 11,5% аҳолии кишварро ташкил хоҳад дод.

Тибқи таснифоти СММ, агар шумораи пиронсолон то 4% аз шумораи умумии аҳолии кишварро ташкил диҳад, пас ин аҳолии ҷавон аст. Агар ин нишондиҳанда аз 4 то 7 фоиз бошад, пас аҳолӣ остонаи пиршавиро убур кардааст ва агар аз 7 фоиз зиёд бошад, ин аҳолӣ аллакай ба «давлати пирӣ» расидааст.

Дар 30 соли охир аҳолии Тоҷикистон аз 5,5 миллион нафар ба 9,8 миллион нафар расид, яъне 1,8 баробар афзудааст ва соли 2022 ба 10 миллион нафар мерасад.

Тавре қаблан ба АМИТ «Ховар» корманди калони илмии шуъбаи геронтология ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолони Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон», саргеронтологи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб Саодат Камолова хабар дод, то 1 январи соли 2021 шумораи аҳолии Тоҷикистон 9 миллиону 126 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз инҳо 610,3 ҳазор нафар аз 60-сола боло (6,69%) мебошанд. Ин тибқи ҷадвали СММ далели он аст, ки Тоҷикистон остонаи пиршавиро убур кардааст.

Дар мавриди дарозумрӣ ҳамсуҳбати мо зикр кард, ки дарозумрӣ сир надорад, балки омилест, ки ба ин раванд таъсир мерасонад.

“Аввалан- омили генетикӣ ё ирсӣ. Агар дар оила дарозумрон бошанд, пас имкони дидани умри дароз вуҷуд дорад. Дуюм-ин пиршавии солим аст, ки ТУТ барои он барномаи махсус таҳия намудааст.

Барои он ки умри дароз бинед, шумо бояд тарзи ҳаёти солимро пеш баред. Некӯаҳволии ҳамаҷониба, муносибатҳои хуби оилавӣ, некӯаҳволии иқтисодӣ, дастрасӣ ба кор, оромии равонӣ- муваффақияти умри дарози ҳар инсонанд. “Муҳим он аст, ки ба шахсе, ки дар синни нафақа қарор дорад, имкон диҳанд, ки минбаъд низ худтатбиқкуниро идома диҳад, дар ҳаёти ҷомеа иштирок кунад ва ба зиндагии муқаррарии худ идома диҳад”, — шарҳ дод саргеронтолог.

«Дар Тоҷикистон давомнокии умр меафзояд ва ин хуб аст, — мегӯяд С Камолова. — Ин ҳам нишондиҳандаи болоравии сатҳи зиндагии мардум аст”. Саргеронтологи Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти пажӯҳишҳои Созмони Милали Муттаҳид сабабҳои дигари эҳтимолии зиёд шудани умри инсонро номбар кард: рушди иқтисодӣ; кам шудани фавти кӯдакон; кам шудани фавт миёни аҳолии қобили меҳнат; коҳиш ёфтани истеъмоли машрубот ва тамоку; «инқилоби дилу рагҳо» (муборизаи бомуваффақият бар зидди бемориҳои дил ва рагҳои хунгард, аз ҷумла инсулт); кам гаштани шумораи куштор ва худкушӣ.

Ёдовар мешавем, ки ғамхорӣ ба пиронсолон яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Дар кишвар ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва имконияти баробар барои ҳама тавассути беҳбуди вазъи саломатӣ ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолон, аз ҷумла хизматрасонии тиббию иҷтимоии онҳо, муайян намудани роҳу усулҳои татбиқи ҳадафҳои афзалиятноки давлат, ки дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 муайян шудаанд, тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Танҳо соли 2020 ҷиҳати дастгирии бештари иҷтимоии нафақахӯрон, маъюбон, ятимон ва оилаҳои камбизоат якчанд тадбирҳои судманд андешида, ба зиёда аз 700 ҳазор нафар сокинони табақаҳои осебпазири аҳолӣ беш аз 250 миллион сомонӣ кумаки иловагии иҷтимоӣ пардохт карда шуд.

Дар мамлакат оид ба ташкили хизмати махсус — геронтологӣ кор бурда мешавад. Дар ҳар муассисаи тиббӣ барои одамони аз 60-сола боло ҳуҷраҳо ҷудо карда шуда, барои расонидани ёрӣ ба ҳар пиронсол мутахассисон омода карда мешаванд.
Ҳоло дар Тоҷикистон таҳияи тарҳи Барномаи миллии ҳифзи иҷтимоии пиронсолон идома дорад.

Вақти он расидааст, ки одамонро қадрдонӣ намоем

Барои ҷалби таваҷҷуҳ ба ин масъала Маҷмаи Умумии СММ давраи аз соли 2021 то 2030-ро Даҳсолаи пиршавии солим эълон кардааст. Дар доираи ин Даҳсола СММ ташаббуси “Пиршавии солим 50”-ро оғоз кард: эътирофи 50 пешвое, ки барои тағйир додани ҷаҳон кӯшиш мекунанд, то он барои пиршавӣ ҷои муносиб гардад. Ин ғоя аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), Департаменти масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дастгирӣ карда шуд.

«Ҳоло қадрдонӣ ва эҳтироми роҳбароне, ки барои беҳтар кардани зиндагии одамони солхӯрда, оилаҳо ва ё ҷамоаҳои онҳо кор мекунанд, муҳим аст»,-гуфт роҳбари шуъбаи тандурустии Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ Шям Бишен.

Номинаҳоро метавон ба платформаи Даҳсолаи пиршавии солими СММ бо забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ё испанӣ то 15 июни соли 2022 пешниҳод намуд. Барои пешбарӣ кардани номзад ё гирифтани маълумоти бештар дар бораи ташаббус метавон аз инҷо дидан кард: https://www.decadeofhealthyageing.org/topics-initiatives/other-initiativ

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 29, 2022 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд