Доир ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва нақши фарҳанги биологӣ дар рушди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии барномаи мазкур дар заминаи осоишгоҳи Шоҳамбарӣ (Сатурн)-и шаҳри Ҳисор таҳти унвони «Ҳифзи гуногунии биологӣ ва фарҳанги биологӣ барои рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба поси хотири яке аз донишмандон ва ҳифзкунандагони гуногунии биологии Тоҷикистон, номзади илмҳои биологӣ, директори Маркази илмии Хатлон оид ба гуногунии биологии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Тилло Бобоев ҳамоиш доир гардид.
Тавре мудири озмоишгоҳи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ, доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҳамоиш мавзӯъҳои эҳё ва ҳифзи мероси фарҳангӣ ва табиии тоҷикон, захираҳои генетикии кишоварзӣ ҳамчун сарвати бебаҳои миллӣ ва ғайра баррасӣ шуданд.
Дар ҳамоиш филми ҳуҷҷатии «Ёддошт» оид ба ҳаёт ва фаъолияти илмии Тилло Бобоев манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар ҷараёни ҳамоиш якчанд филмҳои дигар пешниҳод шуданд, ки ҳадафи аслии онҳо тарбияи насли наврас ва аъзои ҷомеа дар кори ҳифзи гуногунии биологӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар оянда арзёбӣ мегардад.
Дар ҳамоиш зиёда аз 50 нафар мутахассисон ва кишоварзон, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоти ҷамъиятӣ, бахши хусусӣ, ташкилоти академӣ ва илмӣ, намояндагони Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ, Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ, Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳадафи аслии ҳамоиш- тарғиб, эҳё ва ҳифзи гуногунии биологӣ, мероси фарҳангӣ, фолклорӣ ва тарбияи эстетикии ҷавонон дар оянда арзёбӣ гардида, махсусан ёддоштҳо аз фаъолияти илмию амалӣ, нақш ва хизматҳои олими тоҷик Тилло Бобоев дар ташкили Боғи ботаникии Кӯлоб ҳанӯз соли 1985 хеле арзишманд буданд.
Тазаккур дода шуд, ки маҳз бо шарофати фаъолияти мақсаднок ва хунармандонаи коргарони боғи ботаникӣ бо сарварии Тилло Бобоев замини хушки биёбон ба минтақаи ҳамешасабзу шодмон табдил ёфт.
Айни замон майдони боғ ҳудуди 18 гектарро ишғол намуда, дар он зиёда аз 2500 намуди растаниҳои гуногун, буттаҳо, дарахтони ҷангал ва сӯзанбарг, гиёҳҳои шифобахш, флораи эндемикии ороишӣ, ки аз ҷониби Тилло Бобоев ва кормандони боғ аз гӯшаю канори Тоҷикистон ва мамлакатҳои ҷаҳон ҷамъоварӣ шудаанд, нигоҳубин ва парвариш мешаванд.
Ҳоло боғи ботаникӣ мавзеи шукуфон ва зебои Тоҷикистон буда, ҳамасола аз он беш аз 1000 нафар сайёҳон, донишҷӯён, олимон аз саросари ҷаҳон дидан мекунанд. Нақши вижаи боғи ботаникӣ ҳамчун озмоишгоҳи табиӣ дар ҷануби Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дар он ҷо дарсҳо барои омӯзонидани насли наврас оид ба масъалаҳо, таҷриба ва малакаҳои ҳифзи гуногунии биологӣ ва биологии фарҳангӣ дар оянда гузаронида мешаванд. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати миқдори шаклҳои эндемикии растаниҳо дар Осиёи Миёна яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад.
АКС: Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ
















Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






