Донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Русия барои донишҷӯён барномаҳои шабакавӣ таҳия мекунанд

Апрель 5, 2022 12:34

ДУШАНБЕ, 05.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаҳои таълимии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо донишгоҳҳои бузурги Русия барномаҳои шабакавии омӯзишии омӯзгорону донишҷӯёнро таҳия хоҳанд кард. Курсҳои замонавӣ ҳам ба довталаб ва ҳам ба магистр барои амиқтар кардани дониш ва ҳамчун мутахассиси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ёрӣ мерасонанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Донишгоҳи давлатии Псков (ПсковГУ) хабар додааст.

Чунин барномаҳо барои хатмкунандагони мактабҳо ва донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешаванд. Донишҷӯёни тоҷик метавонанд дар Донишгоҳи давлатии Псков аз рӯи барномаҳои бакалаврӣ ва магистратура таҳсил кунанд.

«Ҳайати Донишгоҳи давлатии Псков бо ҳамкасбони тоҷикистониашон дар мавриди табодули мутақобилаи донишҷӯён ва эҷоди барномаҳои шабакавии муштарак ба мувофиқа расиданд», — омадааст дар варақаи иттилоотии донишгоҳ.

Илова бар ин, зимни гуфтушунид ҷонибҳо оид ба табодули мутақобилаи донишҷӯёну омӯзгорон, инчунин иштирок дар конфронсҳои байналмилалии илмию амалии олимони ҳарду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Псков ваъда додаанд, ки барои такмили ихтисоси омӯзгорони тоҷик тарҳҳои муштарак роҳандозӣ мекунанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар дод, қаблан раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба илм, маориф ва фарҳанг Лилия Гумерова гуфта буд, ки Русия шумораи квотаҳои донишҷӯёни тоҷикро аз 750 то ба 950 ҷой афзоиш додааст.

Ин ба муҳоҷирон имкон медиҳад, ки забон омӯзанд ва ба ҷои иҷрои корҳои паст соҳиби ихтисос шаванд. Ин масъала аллакай дар чаҳорчӯби Форуми байнипарлумонии Русия ва Тоҷикистон оид ба ҳамкории байниминтақавӣ, ки 24-25 феврал дар Душанбе баргузор шуд, баррасӣ гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Донишгоҳи давлатии Псков             

Апрель 5, 2022 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид