«Душанбе. Шаҳре, ки шукӯҳи давлат ва симои миллатро таҷассум мекунад», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Апрель 22, 2022 17:12

ДУШАНБЕ, 22.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд, ки шарҳи мухтасари онҳоро пешкаши  хонандагони сомона мегардонем.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият»  дар саҳифаи аввали шумораи  №77 (24 436), панҷшанбе, 22 апрели соли равон таҳти  сарлавҳаи  «Душанбе. Шаҳре, ки шукӯҳи давлат ва симои миллатро таҷассум мекунад», «Маърифати як китоб дар мақола»  ва зери рубликаи «Тоҷикистон» хабару  гузоришҳоро  аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ  ва иҷтимоии мамлакат нашр намудааст.

Муаллифи  маводи «Душанбе. Шаҳре, ки шукӯҳи давлат ва симои миллатро таҷассум мекунад», Оламбегим Некқадам чунин нигоштааст: «Бо нуфузи бештар касб кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҳамчун кишвари ташаббускор эътироф шудани он шаҳри Душанбе ҳарчи бештар мавриди таваҷҷуҳ ва мизбони ҳамоишҳои сатҳи баланди минтақавию ҷаҳонӣ мегардад, ки мо солҳои охир шоҳиди суръат пайдо кардани ин раванд ҳастем. Ҳузури чеҳраҳои сатҳи баланди сиёсати ҷаҳонӣ, роҳбарони созмонҳои бонуфуз, сарварони сиёсии кишварҳои мухталифи олам ба Тоҷикистон, ки, пеш аз ҳама, фурсати бештари сафари онҳо дар шаҳри Душанбе сурат мегирад, борҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ мақоми пойтахти Тоҷикистонро муаррифӣ намудааст. Зеро табиист, ки аксари онҳо таассуроти хешро дар бораи пойтахти кишвари азизи мо ба дигарон мегӯянд, ба симои зоҳирӣ, фарҳанги шаҳрдории мардум баҳо медиҳанд…». Хонанда имкон дорад, ки давоми матлабро аз ин шумора  мутолиа намояд.

Ҳамчунин дар ин шумора хонанда метавонад аз рубликаи «Ҷаҳон»  ва «Ҷаҳон дар як сатр»  аз навигариҳои  дунё бохабар гардад.

Инунин дар ин шумора матлабҳои гуногун  доир ба мавзӯъҳои муҳими  рӯз мавриди таҳлил қарор дода шуда, пешниҳоди хонандагон   гардидаанд.

«Саноат. Масъулон барои расидан ба ҳадафи чоруми стратеги гомҳои устувор мезанад», — чунин ном дорад матлаби рӯзноманигори ин нашрия, ки дар он масъалаҳо  вобаста ба дастоварди солҳои соҳибистиқлолии  мамлакат дар самти ихтироъву навоварӣ, омӯзиши илмҳои дақиқ ва ташаккули фаъолияти ихтироъкорию инноватсионӣ ба воситаи тақвияти сармояи инсонӣ матраҳ гардидааст. Дар матлаби «Кӯлоб. Ҳанӯз ҳам хатари сел эҳтимол дорад!» масъалаҳои муҳими ҳалталаби ин минтақа дарҷ  гардидааст. Инчунин хонанда метавонад аз маводҳои «Ноҳияи Абдраҳмони Ҷомӣ. Мулоқоти раиси вилот эътимодбахш гузашт»- дар бораи мушкилоту масъалаҳои ин ноҳия, аз матлаби  «Обёрӣ. Тасвиби созишномае, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро меафзояд»  доир ба лоиҳае, ки ба самти обёрӣ татбиқ мешавад ва аз дигар мавзӯъҳои муҳим  огоҳӣ пайдо намояд.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Садои мардум»  рӯзи сешанбе, 22 апрел №48  (4468- 4469) таҳти унвони «Масъалаи марзӣ бо роҳи гуфтушунид ҳал карда мешавад»- суханронии Президентии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолонии шаҳри Исфара, ҷараёни сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд ва Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба нашр расонидааст.

Дар саҳифаҳои дигари ин шумора хонанда имкон дорад суханронии Сарвари давлатро бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ашт мутолиа намуда, инчунин  бо навигариҳо, аз ҷумла  бунёди якчанд иншоот дар ноҳияҳои вилоти Суғд бохабар  шавад.

«Народная газета»— нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №17 (20350), 22 апрели соли равон  хабару гузоришҳоро аз ҷараёни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нашр намудааст.

Инчунин дар ин шумора хонанда метавонад  хабару гузоришҳои омоданамудаи рӯзноманигори ин нашрияро  дар самти иҷтимоию иқтисодӣ  ва  фарҳангию варзишӣ  мутолиа  намояд.

«Минбари  халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №15 (1361), чоршанбе, 22 апрел соли 2022 дар баробари дигар нашрияҳо ҷараёни сафари кории Пешвои миллатро ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд пурра инъикос намудааст. Инчунин  дар ин шумораи рӯзнома  хабару мақола оид ба фаъолияти ҲХДТ  ва дигар  маводи ҷолиб ба  нашр расидааст. Аз ҷумла,  метавон аз  маводи «Натиҷаи се моҳи фаъолият» аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикитсон дар шаҳри Хоруғ,  маводи «Паём-тақвиятбахши муқовимат ба терроризм ва экстремизм» доир ба амнияти мамлакат ва мубориза бар зиддди терроризм ва экстремизм маълумот пайдо намуд.

«Нигини кишвари моӣ,  Душанбе», -чунин номгузорӣ шудааст матлабе, ки дар он зебогиҳои шаҳри Душанбе васф гардидааст. Инчунин дар ин  шумора маводи «Саройи махзани таърих нақш бар санг аст», «Накӯном», «Бозомӯзӣ бо сабки нав» ва «Шахсияти нодир, фозил ва одил»  рӯи  чоп омадаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

Апрель 22, 2022 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ТЕАТР — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Дар Душанбе шаш театри касбӣ фаъолият мекунад
7 НОЯБР- РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Театри миллии Тоҷикистон бо шароити ҷавобгӯ ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ бунёд гардида истодааст
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Осорхонаи миллӣ сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Туҳфаи арзандаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Ёвон расид
Дар Вазорати фарҳанг бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Дар Душанбе оид ба саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доир шуд
Ба сокинони ноҳияи Данғара туҳфаи Пешвои миллат – «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ такдим мегардад
«ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар шаҳри Норак фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихию меъмории нав бозёфт гардиданд
Намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷонро тамошо карданд
Дар Кӯлоб таҳти унвони «Либоси миллӣ — оинаи тамаддун ва ҳуввияти миллӣ» фестивал доир шуд