Душанбе ва Боку тасмим гирифтаанд роҳи мустақими ҳавоӣ кушоянд
ДУШАНБЕ, 26.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Душанбе ва Боку тасмим гирифтаанд, ки роҳи мустақими ҳавоӣ кушоянд, иттилоъ медиҳад Trend. Дар ин бора Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ (ДАР АКС) дар чорабинӣ бахшида ба 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон хабар дод.
Ба гуфтаи дипломат, мақомоти ду кишвар раванди ифтитоҳи хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Боку ва бозгаштро баррасӣ мекунанд. Дар радифи ба роҳ мондани парвозҳои мустақими ҳавоӣ миёни ду кишвар сафир афзуд, ки имконоти нав барои афзоиши гардиши мол миёни Озарбойҷон ва Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дорад. «Барои зиёд намудани ҳаҷми савдо миёни ду кишвар иқтидорҳои калон мавҷуданд. Фикр мекунам, ки ифтитоҳи хатсайри мустақим гардиши мол ва ҳам тиҷоратро афзоиш медиҳад», — гуфт Рустам Солӣ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки Тоҷикистон парвозҳои мустақими ҳавоиро бо Ҳиндустон ва Эрон барқарор менамояд. Ҳавопаймоҳои кишварҳо баъд аз танаффуси дусолаи марбут ба пандемияи COVID-19 ба парвозҳо шурӯъ мекунанд.
«Баъд аз танаффуси дусола бар асари пандемияи COVID-19 Тоҷикистон парвозҳоро дар хатсайрҳои Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе, Душанбе-Нурсултон-Душанбе ва Душанбе-Теҳрон-Душанбе бо 2- парвозӣ дар як ҳафта барқарор намуд». Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ширкати «Сомон Эйр» алакай интиқоли мусофиронро ба Деҳлӣ ва аз Деҳлӣ ба Душанбе оғоз кардааст.
Парвозҳоро ба Теҳрон ширкати эронии «Iran Air» анҷом медиҳад, аммо санаи дақиқи нахустин парвоз то ҳол мушаххас нашудааст. Илова бар ин, Тоҷикистон ояндаи наздик теъдоди парвозҳои мунтазамро ба Алмаато, Дубай, Истанбул, Тошканд ва шаҳрҳои мухталифи Русия афзоиш хоҳад дод.
Қарор аст теъдоди парвозҳо ба Қазоқистон аз 1 май то аввали июн афзоиш ёбад.
АКС аз манбаъҳои боз








Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ҳавзаи федералии Урали Русия мулоқот намуд
Дар Лондон машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир баргузор шуданд
Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрӣ бо раис ва аъзои гурӯҳи ҳамаҳизбии Парлумони Подшоҳии Муттаҳида барои Осиёи Марказӣ иштирок намуд






