ФУТБОЛ. «Хуҷанд» ва «Файзканд» дар даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ғолиб омаданд

Апрель 11, 2022 13:50

ДУШАНБЕ, 11.04.2022 /АМИТ «Ховар»/.  9-10 апрел дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар сатҳи баланд баргузор шуданд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар чор бозӣ ҳамагӣ 8 гол зада шуд. Бозии аз ҳама бозии натиҷаовар дар Истаравшан ба қайд гирифта шуд, ки  дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бар  дастаи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.

Дар бозии дигар  дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд   ба дарвозаи дастаи  нави Лигаи олӣ – «Равшан»-и  ноҳияи  Зафаробод 3 голи беҷавоб зад. Бозӣ миёни дастаҳои футболи  «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  бо дастаи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бидуни гол (0:0) анҷом ёфт. Дар бозии ниҳоӣ дастаи  КМВА-и шаҳри Душанбе бар дастаи футболи  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода  бо ҳисоби  1:0 ғолиб омад.

Чемпионати  Тоҷикистон-2022  

Лигаи олӣ. Даври 2-ум

8 апрел (ҷумъа)

«Эсхата» – «Файзканд» 1:3

Голҳои Оятулло Сафаров, Шавкати Ҳотам ва легионери узбек Амирҷон Сафаров пирӯзии аввалини  дастаи «Файзканд»-ро дар мавсими нави чемпионати Тоҷикистон таъмин карданд. Ягона голи дастаи «Эсхата»-ро Санҷар Рихсибоев аз зарбаи 11-метра ба нишон расонид.

9 апрел (шанбе)

«Истаравшан» – «Хатлон»0:0

10 апрел (якшанбе)

«Хуҷанд» – «Равшан» (Зафарабад) 3:0

Голҳо: Манучеҳр Аҳмадов, 57 – автогол (1:0). Сергей Сканян, 64 (2:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 78 (3:0).
Бозигари беҳтарин: Сергей Сканян (Хуҷанд).

КМВА– «Регар-ТадАЗ»1:0

Гол: Иззатулло Рӯзиев, 33.
Бозигари беҳтарини бозӣ: Иззатулло Рӯзиев (КМВА).

Чемпионати  Тоҷикистон-2022

Лигаи олӣ. Даври 1-ум

2-юми апрел (шанбе)

«Файзканд» — «Истаравшан» 0:5

Голҳо: Мбеке Сиябатчу Деудони, 35   (0:1). Отабек Зокиров, 57 (0:2). Мбеке Сиябатчу Деудони, 69 (0:3). Отабек Зокиров, 78 (0:4). Амирҷон Сафаров, 82 (0:5).

«Регар-ТадАЗ» — «Равшан» (Зафаробод),2:2 

Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 46 (1:0). Бехрӯз Дустмуродов, 54 (1:1). Бахтиёр Зарипов, 55 (1:2). Фаридун Давлатов, 90+1 (2:2).

Бозии «Истиқлол» — КМВА ба рӯзи эҳтиётӣ гузаронида шуд.

3-юми апрел (якшанбе)

«Эсхата» — «Хуҷанд», 1:0

Гол: Шаҳзод Абдураҳимов, 90+3.

«Хатлон» — «Равшан» (Кӯлоб), 3:1

Голҳо: Тоҳирҷон Тағойзода, 7 (1:0). Парвиз Баки-Ахунов, 21 (2:0). Хайриддин Турахонов, 69 (3:0). Абдухалил Боронов, 77 (3:1).

Мавриди зикр аст, ки  бозиҳои  даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ 16-17 апрел доир мегарданд. Дар ин давр  дастаҳои футболи «Файзканд»-и ноҳияи  Восеъ  бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода  бо «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб, «Хатлон»-и шаҳри  Бохтар бо  «Эсхата»-и  шаҳри  Хуҷанд  ва «Равшан»-и  ноҳияи  Зафаробод  бо КМВА-и  шаҳри Душанбе  миёни ҳам вомехӯранд.

АКС: ФФТ

 

Апрель 11, 2022 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд