«Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» лоиҳаи беҳтарини Бонки осиёии рушд дар соли 2021 пазируфта шуд
ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» (Гранти Бонки осиёии рушд-0627-TAJ(SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи беҳтарини Бонки осиёии рушд дар соли 2021 пазируфта шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матботи вазорати мазкур.
12 апрел директори Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» (Гранти Бонки осиёии рушд-0627-TAJ(SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Серфитикати лоиҳаи мазкурро ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода тақдим намуд.
Зикр шуд, ки лоиҳаи мазкур дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт ва Файзободи тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон амалӣ шуда истода, ҳадафи асосии он беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар ноҳияҳои зикршуда мебошад.
Ёдовар мешавем, ки татбиқи лоиҳаи мавриди назар аз 29 марти соли 2019 оғоз гардида, то 31 августи соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Лоиҳа аз чаҳор қисмати амалисозӣ иборат аст. Аз ҷумла, беҳтар намудани хизматрасонии маҷмӯии босифат оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар ноҳияҳои таҷрибавӣ, такмил додани хизматрасониҳо дар бахши саломатии модару кӯдак ва беҳтаркунии инфрасохторҳо, баланд бардоштани сатҳи дониш дар соҳаи саломатии модару кӯдак ва рафтори ба нигоҳдории саломатӣ нигаронидашуда дар ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа, идоракунии лоиҳа ва баҳодиҳӣ.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад






