Иқтидори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким меёбад
ДУШАНБЕ, 02.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Иқтидори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардошта мешавад. Дар ин бора 31 март зимни мулоқоти директори Агентӣ Ҳабибулло Воҳидзода бо Роҳбари Дафтари барномавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон Мустафо Юнал Эртен иттилоъ дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар доираи лоиҳаҳои Барномавии Раёсати СММ барои Осиёи Марказӣ ва натиҷаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар 65-умин Иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар дар шаҳри Вена, инчунин амалишавии лоиҳаи «Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) Фаза 11» Барномаи Раёсати СММ барои Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид.
Мустафо Эртен оид ба оғози амалисозии лоиҳаи нав бо Агентӣ «Баланд бардоштани иқтидори Агентии назорати маводи нашъаовар» иттилоъ дод.
Барномаи мазкур барои мустаҳкам намудани иқтидори шуъбаи махсус ва экспертизаи судӣ, инчунин дигар воҳидҳои сохтории Агентӣ мусоидат хоҳад кард. Лоиҳаи мазкур тайи 24 моҳи оянда бо харҷи 900 000 доллари ИМА амалӣ карда мешавад.
Ҳадафи асосии лоиҳа аз баланд бардоштани иқтидори Агентӣ дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҳамчунин муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари нав пайдошуда, аз ҷумла самарабахш вокуниш нишон додан ҳангоми ошкор, тафтиш ва таъқиби ҷиноӣ бо истифода аз воситаҳои махсуси тафтишотӣ мусоидат менамояд.
Лоиҳа аз ҷониби шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва тартиботи ҳуқуқии Депортаменти Давлатии ИМА (INL) маблағгузорӣ карда мешавад.
АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ








Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд






