Имрӯз дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ ба сокинон хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд

Апрель 7, 2022 15:04

ДУШАНБЕ, 07.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 7 апрел таҷлил карда мешавад, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар тамоми муассисаҳои тиббии мамлакат  хизмати ройгон расонида шуд. Бояд гуфт, ки ҳамасола ин сана бо шиорҳои гунонгун таҷлил мешавад. Имсол санаи мазкур бо пешниҳоди Созмони ҷаҳонии тандурустӣ таҳти шиори «Сайёраи мо- солимии мо» сурат гирифт.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, бахшида ба ин сана машварату муоинаи беморон дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар ба таври ройгон ба роҳ монда шуд.

Дар чорабиние, ки дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат гирифт муовинони  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва таълимии мамлакат, шарикони рушд ва  мутахассисони варзидаи соҳа иштирок намуданд.

Дар саҳни бинои пажӯҳишгоҳи мазкур барои қабул ва суҳбати озоду ошкорои мутахассисон бо шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам гардида, дар маҷмӯъ барои машварат ва ташхису муоинаи ройгони сокинон тамоми имконоти зарурӣ муҳайё гардида буд. Инчунин дар ин рӯз шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз муоинаи ройгон гузаронида шуда, ҷиҳати пешгирии бемориҳо ва усулҳои табобати онҳо аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб ба шаҳрвандон маслиҳату тавсияҳои муфид дода шуданд. Аз ҷумла, аз тарафи мутахассисони муассисаҳои тандурустии кишвар ташхиси ултрасадою рентген ҷиҳати муоинаи бемориҳои гурда, чашм, асаб, дилу раг, шуш ва роҳҳои нафас, фишорбаландӣ, қанд ва дигар бемориҳо дар озмоишгоҳҳои сайёр роҳандозӣ гардид.

Баргузории чунин чорабинии муҳим дар тамоми олам, хусусан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба тамоми табибони ҷаҳон аст, то дар роҳи сиҳатии мардум донишу таҷрибаи хешро дареғ надоранд ва вазифаи хешро бо шарафмандӣ, садоқату самимият ба ҷо оранд. Фарогирии умумӣ ба хизматрасонии тиббӣ маҷмӯи чорабиниҳоеро дар бар мегирад, ки ба пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳо равона гардидаанд.

Тавре Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон 21 декабри соли 2021 таъкид доштанд, «рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим мебошад, минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад. Тайи 30 соли истиқлоли давлатӣ ҷиҳати беҳтар намудани солимии сокинони кишвар ва ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ усулҳои муосири ташхису табобат роҳандозӣ гардида, неруи зеҳнии соҳа, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таҳким ва тавсеа пайдо кард».

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдулозода  зимни нишасти матбуотӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон иброз дошт, ки «тибқи маълумоти омории пешакӣ, соли 2021 теъдоди умумии табибон дар мамлакат 20797 ва кормандони миёнаи тиббӣ 60329 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2020 мутаносибан 576 ва 1715 нафар зиёд мебошад».

Пешвои миллат вобаста ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос  изҳор доштанд, ки тамоми  сохтору мақомоти марбута вазифадоранд камбудии мавҷударо доир ба норасоии кадрҳо дар ду сол бартараф намоянд. Инчунин зикр доштаанд, ки «дар панҷ соли минбаъда муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро аз рӯи ихтисосҳои тиб 13 770 нафар ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббиро 47 880 нафар хатм мекунанд».

Ҳамчунин Сарвари давлат Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор намуданд, ки барои таъмин намудани дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда ҷиҳати минбаъд низ ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва технологияҳои инноватсионӣ дар амалияи тиббии муассисаҳои соҳавӣ чораҳои заруриро амалӣ намояд. Инчунин доир ба ҳаёти солим, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ тадбирҳои мушаххас андешад.

Директори Маркази ҷумҳуриявии «Ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвина Мухторова дар суҳбат бо мо иброз намуд, ки «давлат дар сояи миллати солим қомат афрохта, пеш меравад. Аз ин рӯ Ҳукумати мамлакат моҳи декабри соли 2021 «Барномаи миллии тарзи ҳаёти солимро барои солҳои 2022-2026» қабул намуд. Ин барномаи роҳнамои кори тамоми кормандони марказҳои тарзи ҳаёти солим мебошад».

Мавсуф зикр кард, ки ба андешаи олимони ҷаҳон, инсон метавонад 100 сол умр бинад, агар аз лаҳзаи ба дунё омаданаш тарзи ҳаёти солимро риоя намояд. Ба андешаи олимони соҳаи тиб, ягон доруву даво тарзи ҳаёти солимро иваз карда наметавонад. Чунки тарзи ҳаёти солим яке аз роҳҳои беҳтар, камхарҷ ва пурсамар мебошад. Тарзи ҳаёти солим гуфта, ғизои солим, ба варзиш машғул шудан, хоби бароҳат рафтан, меҳнати ҷисмонӣ намудан, сайр дар ҳавои тоза  ва некбин будан дар назар аст.

«Давоми солҳои истиқлолият Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи тандурустӣ, пешрафти он ва ҳарчи бештар фаро гирифтани мардум ба хизматрасонии тиббӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ таваҷҷӯҳи махсус  зоҳир мекунад. Пӯшида нест, ки солҳои охир дар маркази мамлакат, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо беморхонаҳои зиёде  ба истифода дода мешаванд. Тамоми ин беморхонаҳо бо навтарин технологияи тиббӣ таҷҳизонида шудаанд. Дар деҳот  бунгоҳҳои зиёди тиббӣ  ба кор даромаданд. Ҳамаи ин ба хотири бештар фаро гирифтани аҳолӣ ба хидмати тиббӣ ва мустаҳкам намудани саломатии сокинони кишвар мебошад», — гуфт директори Маркази ҷумҳуриявии «Ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ/АМИТ «Ховар»

Апрель 7, 2022 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он