МАРЗИ БОХТАРИ ҚАДИМ ВА САРОҒОЗИ ХУРОСОНИ ТАЪРИХӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи китоби тозанашри «Балҷувон»

Апрель 11, 2022 08:59

ДУШАНБЕ, 11.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Анқариб нашриёти «ЭР-Граф» китоби наверо бо номи «Балҷувон» ба нашр расонид. Муаллифон – ходимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ширин Қурбонова ва Машраби Абдуллоҳ онро ҳамчун таърихи мухтасари илмию оммавии як гӯшаи диёрамон ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшидаанд.

Ба андешаи хабарнигорони АМИТ «Ховар», нашри ин китоб як навъ вокуниш ба супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки чанд сол пеш, зимни суханрониашон дар мулоқот бо фаъолони ноҳия дар деҳоти Сари Хосор дар назди кормандони  вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм ва Академияи илмҳо ба миён гузошта буданд.

Тавре Президенти мамлакат зикр намуданд, корҳои илмию тадқиқотӣ ва бостоншиносӣ дар иртибот ба бисёр ёдгориҳои таърихии кишварамон, аз ҷумла Балҷувон мувофиқи мақсад ба роҳ монда нашуданд. Аз ин рӯ Сарвари давлат ба Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо супориш доданд, ки корҳои илмию тадқиқотиро дар мавзеъҳои таърихӣ васеъ ба роҳ монанд, осори хаттиро, аз ҷумла аз забонҳои қадимаи ориёӣ, ҳиндӣ, юнонӣ, арманӣ, арабӣ, чинӣ ва русӣ вобаста ба таърих, фарҳанг ва адабиёти тоҷикон ҷамъоварӣ ва ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, пешкаши хонандагон гардонанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Чеҳраҳои мондагор», ки соли 2016 чоп шуда буд, сабаби таваҷҷуҳи махсуси худро ба таърих чунин ба қалам додаанд: «Рӯ овардани ман ба таърих ва симоҳои барҷастаи халқамон <…> ба он хотир мебошад, ки мо бояд ба ояндагон зарурати донистани гузаштаи худро талқин намоем ва онҳоро аз саҳифаҳои дурахшони [таърихи] миллатамон, ки сабақи бузурги худогоҳӣ мебошанд, огоҳ созем ва дар қалбашон меҳру муҳаббат, садоқату вафодориро бедор намуда, ба онҳо аз ин таърихи пуршараф ифтихор карданро ёд диҳем. Зеро эътиқод ва эътимод доштан ба таърих, фарҳанг ва адабиёт такягоҳи устувори миллат ба шумор меравад».


Муаллифони китоби тозанашри «Балҷувон» аз ин суханони Пешвои миллат ёдовар шуда, тазаккур додаанд, ки «мақсад аз таҳия, нашр ва дастрас намудани воқеияти таърихӣ фақат такмил додани ҳувияти миллӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ аст». Бино ба зикри онҳо, «таърихи минтақае, ки айни замон Балҷувон номгузорӣ шудааст, дар гузаштаи дур ба ҳайати Бохтар, сипас ба Тахористону Хуталони бостонӣ (ва беш аз ҳазор сол пеш ба ҳайати Давлати бузурги Сомониён. – Тавзеҳи АМИТ «Ховар») шомил буд. Дарвоқеъ, агар имрӯз дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Балҷувон ҳудуди нисбатан маҳдудтарро ташкил кунад, дар гузашта ҳангоми мавҷудияти бекигарии Балҷувон ҳудудҳои имрӯзаи ноҳияҳои гирду атроф, аз қабили ноҳияҳои Темурмалик, Ховалинг (инчунин Данғара ва қисмати аъзами ноҳияи Восеъ ва шаҳри Норак. — Тавзеҳи АМИТ «Ховар») низ бо ҳамин ном муаррифӣ мешуданд.

Маркази Балҷувон деҳаи Балҷувон буд, ки дар он рӯзҳои шанбе ва чоршанбе бозори калон барпо мешуд ва дар қатори  сокинони маҳаллӣ тоҷирон аз Ҳиндустон, Чин, Туркистон, Афғонистон ва Русия ҷамъ омада, молҳои худ, аз ҷумла маҳсулоти нуқрагин ва матоъҳои пахтагину абрешиминро савдо мекарданд. Олимон муайян кардаанд, ки дар гӯшаҳои гуногуни Балҷувон на танҳо тилло, нақра ва мис, балки конҳои сурб, намак ва нафту газ мавҷуданд. Ҳар сол дар ноҳия беш аз ҳазор тонна нафт истеҳсол карда мешавад. Дар гузашта яке аз шохаҳои Роҳи бузурги Абрешим аз Бохтар убур кардааст, ки Балҷувон низ ба қаламрави он шомил будааст ва инро муаллифони китоби «Балҷувон», бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ, «аз зумраи далелҳои бебаҳс» арзёбӣ кардаанд. Зеро академик Бобоҷон Ғафуров низ дар китоби «Тоҷикон» ин мавзеъро «аз тавобеи Бохтари қадим номидааст».

Ва азбаски Балх маркази маъмурии Бохтари қадим буд, муаллифони китоб барҳақ Балҷувонро «марзи Бохтари қадим ва сароғози Хуросони таърихӣ» ба қалам додаанд.

Соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Балҷувон ин нуктаро мутазаккир шуданд: «Мувофиқи андешаи муҳаққиқону донишмандон Балҷувон шакли тағйирхӯрдаи калимаи Балхиён буда, бозёфтҳои таърихии аз ҳудуди ноҳия бадастомада шаҳодат медиҳанд, ки дар ин сарзамин ҳанӯз дар давраи санг (7-8 ҳазор сол пеш. – Тавзеҳи АМИТ «Ховар») одамон зиндагӣ мекардаанд».


Сарвари давлат зимни мулоқоти дигарашон бо сокинони ноҳия моҳи августи соли 2019 чунин таъкид карданд: «Бубинед, дар ноҳия қалъаи Мири Балҷувон то ҳанӯз боқист, ки аз ин ҷо намоён аст <…>, ки дарвозаи он соли 2017 аз нав таъмир карда шуд.  Дар баробари ин, асбобу ашёи гуногуни қадимае мавҷуданд, ки бояд дар осорхонаи замонавӣ нигоҳ дошта шаванд <…>. Имрӯз дар ҳудуди ноҳия мавзеҳои воқеан тамошобоб ва ёдгориҳои таърихӣ, аз қабили қалъаҳои Мир, Чорбоғ, Тӯпхона, Дектур, Чаноро, Чавгонӣ, Додӣ, бошишгоҳҳои давраи санг дар деҳаҳои Файзобод, Шаҳиди Бобохон вуҷуд доранд, ки гувоҳи таърихи бостонии Балҷувон ба ҳисоб мераванд. Ин ҳама бояд муҷиби ифтихори мо бошанд ва низ ба сайёҳони хориҷӣ нишон дода шаванд».


Дарвоқеъ, рушди ин минтақаи кӯҳистони кишвар дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қарор аз 3 ноябри соли 2001, таҳти рақами 498 ҳудуди ноҳияи Балҷувонро минтақаи туризми байналмилалӣ эълон намуд. Инчунин Барномаи маҷмӯии  рушди ноҳияи Балҷувон ба сифати туризми байналмилалӣ дар давраи солҳои 2002 – 2012 мавриди амал қарор гирифт.

Боғи табиии Сари Хосор дар ҳайати Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2003, таҳти рақами 475 дар масоҳати 3805 гектар бо мақсади ҳифзи олами ҳайвоноту набототи ин мавзеъ  таъсис дода шуд.

Дар ин давра роҳи мошингарди Данғара – Кангурт – Балҷувон – Ховалинг ва роҳи мошингарди Балҷувон — Сари Хосор   бо меъёрҳои замонавии роҳсозӣ сохта, ба истифода супорида шуданд. Таъмиру таҷдиди садҳо километр роҳҳои дохилии ноҳия босуръат идома доранд.


Тайи се соли охир дар ноҳия даҳҳо иншооти нав, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ, таълимӣ, тиббӣ, меҳмонхонаҳо, марказҳои хизматрасониву савдо, пулҳо, майдончаву толорҳои варзишӣ,  биноҳои фарҳангиву фароғатӣ, хатҳои оби ошомиданӣ сохта шуданд. Ба истифода додани меҳмонхонаи муосири «Сари-Хосор» дар рӯ ба рӯи фаввораи Шаршара, ки бо ҳиммати фарзандони ҳамин диёр бунёд шудааст, бо фароҳам овардани шароити хизматрасонии муосири сайёҳӣ ин гӯшаи зебои кишварамонро боз ҳам ҷаззоб гардонидааст.

Мавриди зикр аст, ки дар охири асри 19 дар қаламрави бекигарии Балҷувон чанд сол паи ҳам  хушксолӣ ва дар паи он қаҳтию гуруснагӣ ба амал омад. Деҳконон натавонистанд маблағи андозҳоро пурра пардохт кунанд. Соли 1885 баъди хушксолӣ аз нав соли сербориш ва серҳосил омад ва аз деҳқонон талаб карда шуд, ки қарзи андози солҳои сипаришударо низ бисупоранд. Мардум, ки бе ин ҳам аз зулми босмачиҳо ба дод омада буданд, дигар тоқат накарда, ошӯб бардоштанд, ки саркардаи он Восеъ буд. Ошӯби деҳқонон бераҳмона пахш карда ва худи Восеъ ба қатл расонида шуд.

Баҳори соли 1921 дар Балҷувон ҳаракати босмачигарӣ торумор ва  ҳукумати шуравӣ барқарор гардид. Бо қарори Комиҷроияи марказии Тоҷикистон 23 ноябри соли 1930 Балҷувон ҳамчун ноҳияи мустақил ташкил ёфта, би ҳайати вилояти ҳамонвақтаи Кӯлоб дохил карда шуд.

Аҳолии Балҷувон дар паи қаҳтию бенавоии солҳои 30-юм ва пасон солҳои душвори Ҷанги Бузурги Ватанӣ то андозае талаф ёфта бошанд, ҳам вале бо матонату ҷасорат истодагарӣ карданд.  Дар китоби «Балҷувон дар ин бора омадааст: «Тоҷикони ин мавзеъ сахткӯш мебошанд ва барои татбиқ сохтани ҳадафҳояшон талош меварзанд. Шояд ҳамин табиати эшон боис шуд, ки маснадҳои калидии идораи давлат дар аморати Бухоро ба дӯши онҳо афтод». Ба зикри муаллифони китоб аз 14 нафар фарзандони шуҷои Тоҷикистон, ки дар майдони ҶБВ корнамоӣ нишон дода, сазовори унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шудаанд, се нафарашон – Саидқул Турдиев, Сафар Амиршоев ва Исмат Шарифов аз ин мавзеи таърихӣ бархостаанд.

Тавре муаллифони китоби «Балҷувон» тазаккур додаанд, баъди ҶБВ аксар аҳолии ин мавзеъ ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба навоҳии вилояти Кӯлоб ва водиҳои Вахшу Ҳисор муҳоҷир карда шуданд.

15 ноябри соли 1954 ноҳия аз нав барҳам дода, як қисматаш ба тобеияти ноҳияи Темурмалик (собиқ ноҳияи Совет) ва дигараш ба ноҳияи Ховалинг гузаронида шуд. Ва, ниҳоят, баъди ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ дар кишвар 2 феврали соли 1996 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Балҷувон аз нав таъсис ёфт.

Муаллифони китоби «Балҷувон» ба ин ва дигар далелҳои таърихи Балҷувон ишора кардаанд, вале чуноне мегӯянд, таърихи ин ё он мавзеъро пурра, бе каму кост фаро гирифтан ғайриимкон аст, зеро бо мурури замон воқеаву рӯйдодҳо ва ҳикояту саргузаштҳо аз лавҳи ёдҳо ва авроқи китобҳо ситурда мешаванд. Вале, тавре Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, вазифаи олимон, аз ҷумла таърихнигорону бостоншиносон аз он иборат аст, ки саҳифаҳои фаромӯшшудаи таърихро аз нав барқарор ва барои наслҳои имрӯзаву оянда пешниҳод намоянд.

Ва муаллифони китоби «Балҷувон» низ даъвои фарогирии пурраи таърихи ин мавзеи қадимиро накардаанд, баръакс таълифи худро «таърихи мухтасари илмӣ-оммавӣ» унвон ниҳода, тазаккур додаанд, ки то онҳо муаллифони дигар низ дар бораи Балҷувон китобҳои алоҳида ва ё дар китобҳояшон қисматҳои алоҳида бахшидаанд.

Вале бо вуҷуди ин бояд зикр намуд, ки китоби «Балҷувон»-и Ширин Қурбонова ва Машраби Абдуллоҳ муҳимтарин руйдодҳои таърихи ин мавзеъро хеле хонданбоб, бо забони соддаю оммафаҳм ба қалам додаанд ва аз ин лиҳоз месазад, ки он ба забонҳои русию англисӣ низ тарҷума ва ба хонандагони бурунмарзӣ ҷиҳати шинохти таърихи бостонии диёрамон пешкаш карда шавад.

Марзия САИДЗОДА,
Саид АЛӢ,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Апрель 11, 2022 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд