Мазҳакаи «Табиби паррон» дар Фестивали VIII байналмилалии театрии «Киштии Смоленск» иштирок мекунад

Апрель 5, 2022 15:51

ДУШАНБЕ, 05.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 апрел ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд намоиши «Табиби паррон»-ро дар Фестивали VIII байналмилалии театрии «Киштии Смоленск» намоиш медиҳанд, иттилоъ доданд ба  АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.

Мазҳакаи «Табиби паррон» аз рӯи пйесаи Жан-Батист Молйер бо коргардонии Суҳроб Шехов ба саҳна гузошта шудааст.

Фестивали мазкур аз 2 то 10 апрел дар шаҳри Смоленски Федератсияи Русия идома ёфта, дар он  беҳтарин театрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок мекунанд. Намоишҳои театрии фестивал дар саҳнаи калони Театри давлатии академии драмавии Смоленск ба номи А. Грибоедов ва Театри вилоятии лӯхтаки Смоленск ба номи Д. Светилников ба саҳна гузошта мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки нахустин фестивал соли 2008 гузаронида шуда буд ва он дар ҳар ду сол як маротиба доир мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 5, 2022 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад