«МЕТОДОЛОГИЯИ ДАСТГИРИИ БАРДАВОМИ РУШДИ КАСБИИ ОМӮЗГОР». Дар Душанбе машварати омӯзишӣ доир гардид

Апрель 22, 2022 11:40

ДУШАНБЕ, 22.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Методологияи дастгирии бардавоми рушди касбии омӯзгор» машварати омӯзишӣ баргузор гардид, ки он аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ бо дастгирии шарикони рушд дар доираи лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» оид ба татбиқи самти тақвияти низоми дастгирии омӯзгорон гузаронида шуд.

Тавре дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар кори машварат муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода, намояндаи Бонки исломии рушд Муҳаммад Мирзои Каҳок, сардори бахши маорифи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Алберто Бианколи, директорон, муовинони директори муассисаҳои таҳсилоти умумии пилотии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияиҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе, аъзои гурӯҳи асосӣ ва шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Муовини Вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода иброз дошт, ки «ташаккули шахсияти бофарҳанг, донишманд, таҳаммулпазир, дорои қобилият ва малакаю маҳорати зарурӣ, бешубҳа, аз боғча ва мактаб ибтидо мегирад. Маҳз талошу заҳматҳои пайвастаи омӯзгор метавонад чунин шахсиятҳои варзида тарбия кунад ва ба воя расонад. Аз ин рӯ, ҷомеа, пеш аз ҳама, ба омӯзгори дорои дониш, қобилият, малака ва маҳорати баланди касбӣ ниёз дорад, зеро тақдири ояндаи насли наврас ба фаъолияти самаранок, масъулият, салоҳиятнокӣ, маҳорати касбӣ ва муносибати дилсӯзонаи омӯзгор пайванд аст».


Тазаккур дода шуд, ки интихоби роҳу равиш ва шаклу воситаҳои дурусти ба роҳ мондани корҳои методӣ ба рушди маҳорати касбии омӯзгорон, аз худ намудани методҳои пешрафтаи таълим, таъмини сифат ва самаранокии раванди таълиму тарбия, баланд рафтани сатҳи дониши хонандагон ва татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи маориф мусоидат менамояд. «Истифодаи васеъ аз шаклу усулҳои мухталифи таълим зимни азхудкунии барномаҳои таълимӣ метавонад ҳавасмандии хонандагонро таъмин намуда, муҳити мусоиди психологиро дар раванди дарс муҳайё созад, ки ин ба ҳамоҳанг кардани рушди иқтидори эҷодии хонандагон ва низоми мақсадноки кори омӯзгорон мусоидат менамояд»,- гуфт дар идома муовини вазир.

Намояндаи Бонки исломии рушд Муҳаммад Мирзои Каҳок зикр кард, ки «лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» лоиҳаи чорсола буда, мо дар соли дуюми татбиқи он қарор дорем ва кӯшиш мекунем дар беҳтар кардани сифати таҳсили босалоҳият дар Тоҷикистон саҳм гузорем».

«Дар айни замон мо 30 муассисаи таълимии озмоишӣ ва 30 муассисаи таълимии назоратиро интихоб намудаем ва мехоҳем методологияи рушди муттасили касбии омӯзгорро дар онҳо татбиқ намоем. Ҳадафи кори мо нақш ва пуштибонии муаллим, бознигарии стандартҳои барномаҳои таълимӣ, тақвияти сифати таҳсил ва арзёбии онҳо мебошад»,-иброз дошт дар машварат сардори бахши маорифи ЮНИСЕФ Алберто Бианколи.

АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 22, 2022 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид