Дар ноҳияи Рашт иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуданд

Сентябрь 16, 2024 17:17

ДУШАНБЕ, 16.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт якчанд бинои нави муассисаҳои таълимӣ ифтитоҳ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66, воқеъ дар деҳаи Дуобаи Ҷамоати деҳоти Тагоба ифтитоҳ карда шуд.

Муассиса аз 12 синфхона ва кабинетҳои фаннии бо сатҳу сифати баланд, тарҳи меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёдгардида иборат мебошад.

Корҳои ободониву бунёдӣ дар атроф ва саҳни муассиса низ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расидаанд.

Вазири маориф ва илм бунёди чунин бинои хуштарҳу замонавӣ ва фароҳам шудани шароити муосирро барои таълиму тарбияи насли наврас натиҷаи таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва туҳфаи арзанда ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ маънидод намуд.

Инчунин бинои иловагии Муассисаи томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №1-и Ҷамоати шаҳраки Ғарм ба истифода дода шуд. Сохтмони бинои иловагӣ бо дарназардошти зиёдшавии аҳолӣ дар назди кӯдакистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва дастгирии падару модарон соли 2022 оғоз гардида, дар сатҳи баланд ба анҷом расонида шуд. Тибқи лоиҳа, бинои иловагӣ аз 2 ошёна иборат буда, дорои 4 синфхона, ошхона барои 40 ҷойи нишаст, утоқи кории мудири кӯдакистон, утоқи кории ҳамшираи тиб ва анбор барои нигоҳдории хӯрокворӣ мебошад.

Ҳамзамон дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 бинои иловагӣ барои ЗЗ8 ҷойи нишаст дар як баст дар деҳаи Шаҳринав, Ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Обидхуҷа Шарипов сохта шудааст, ба истифода дода шуд. Бинои иловагӣ аз 2 ошёна, 13 синфхонаи таълимӣ ва утоқҳои химия ва физика иборат мебошад.

Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7-и деҳаи Шулмаки Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт низ бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар як баст, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Қосимҷон Қодиров сохта шудааст, иборат аз 2 ошёна, 8 синфхонаи таълимӣ, утоқҳои кории директор, муовини директор ва созмони хонандагон ба истифода дода шуд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 16, 2024 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд 84 корхонаи нав бо 536 ҷойи кор ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Томини ноҳияи Айнӣ мумфаршкунии роҳи дохилидеҳавӣ оғоз ёфт
Дар Хатлон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 24,7 фоиз баробар шуд
Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба иқтисоди рақамӣ иштирок намуданд
Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
35 хатмкунанда аз шаҳри Душанбе соҳиби аттестатҳои аълои универсалӣ бо медалҳои тилло гардиданд
Аз 1 август барои хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд