Миёни ширкатҳои истеҳсолии вилоятҳои Суғд ва Липетск 17 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Апрель 13, 2022 10:33

ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 апрел маросими имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Липетски Федератсияи Русия баргузор гардида, дар маҷмӯъ 17 созишнома ба имзо расонида шуд, хабар доданд дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».

Маросими имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ бо ҳузури муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов доир гардид. Ҷонибҳо оид ба содироти меваю сабзавот ва хушкмева, ташкили сафари аҳли фарҳангу маданияти вилояти Липетск ба вилояти Суғд, ба роҳ мондани саёҳати сокинони вилояти Липетск ба вилояти Суғд, ташкили «Хонаи савдо»-и вилояти Суғд дар вилояти Липетск ва ҳамкорӣ дар бахши таҳсилоти олӣ меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Ҳамзамон миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск, ширкатҳои «Нуртекс» ва «Маркази содиротии вилояти Липетск», «Оби Зулол» ва «Маркази содиротии вилояти Липетск», «Само» ва «ИнтерЭкоТехнологии», Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва «ЛипетскКомплексСтрой», «ЛипетскКомплексСтрой» ва «Хорои Хуҷанд», «ЛипетскКомплексСтрой» ва «Нуртекс», «ЛипетскКомплексСтрой» ва «Силкоат Бойя», «Евро Агро» ва филиали «Хантана Канада Инк» дар вилояти Суғд, «Евро Агро» ва «Сомон кристалл» созишномаҳои ҳамкорӣ имзо гардиданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 13, 2022 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»