Муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён бо фаъолияти Муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳри Бӯстон шинос шуд

Апрель 6, 2022 09:51

ДУШАНБЕ, 06.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. 5 апрел дар  доираи сафари корӣ ба  шаҳру навоҳии вилояти Суғд муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён бо гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ аз сатҳу сифати таълим, касбомӯзии наврасон, ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Бӯстон омаданд, хабар дод ба АМИТ «Ховар» масъули бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Муҳаммад Шораҳимзода.

Матлубахон  Сатториён ва ҳайати   ҳамроҳонаш нахуст бо  ҷараёни  касбомӯзии хонандагони  Муассисаи таҳсилоти иловаии шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон аз наздик шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи мазкур 12 номгӯи маҳфилҳо амал намуда, ба 368 нафар хонандагон забонҳои русию англисӣ, касбҳои бурандагӣ-дӯзандагӣ, бофандагӣ, рассомӣ, рӯзғордорӣ, шоҳмот, юрмадӯзӣ, сӯзанидӯзии дастӣ, авиомоделӣ, адрасбофӣ ва қолинбофӣ омӯзонида мешаванд.

Зимни суҳбат  Матлубахон  Сатториён аз омӯзгорону аъзои маҳфилҳо — ҳунаромӯзон  даъват ба амал овард, ки бо азхудкунии донишҳои замонавӣ метавонанд дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» иштирок варзида, соҳиби маблағҳои калони пулӣ  ва дигар имтиёзҳо гарданд.


«Кӯшиш намоед, вақти пурқимати худро сарфи аз худ намудани дониш ва омӯзиши касбу  ҳунар намоед, чунки  дар оянда тавонед бо меҳнати шоиста ба нафъи халқу Ватан хизмат намоед. Танҳо шахси донишманду  ҳунарманд метавонад барои ҷомеа хизмати арзанда  намояд», — таъкид намуд Матлубахон  Сатториён.

Мавсуф инчунин ба масъулини муассиса  ҷиҳати вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва сарсабзу гулпӯш намудани гирду атрофи биноҳо  дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Аксҳо: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Апрель 6, 2022 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид