Муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо вазъи соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустии шаҳри Панҷакент шинос шуд
ДУШАНБЕ, 06.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 апрел таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҳайати кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Панҷакент сафари корӣ анҷом дода, бо вазъи соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ шинос шуд. Дар ин бора корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Муовини Сарвазирро муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ва дигар масъулини дахлдор ҳамроҳӣ намуда, вобаста ба фаъолияти соҳаҳо маълумот доданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, ҳангоми боздид ҳайати корӣ ба шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон, малакаи омӯзгорон ва вазъи синфхонаҳои фаннӣ таваҷҷуҳ намуда, фаъолияти якчанд муассисаҳои таълимии шаҳрро мавриди санҷиш қарор дод.
Зимни шиносоӣ бо вазъи омодасозии мутахассисон дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент» ба ҳайати корӣ маълумот дода шуд, ки дар муассисаи мазкур 331 нафар наврасон аз рӯи 7 ихтисос ба омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифта шуда, тибқи нақша, дар соли нави хониш 5 ихтисоси дигар илова карда мешавад.
Ба муовини Сарвазири мамлакат иттилоъ дода шуд, ки вобаста ба татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати муҷаҳҳазгардонии муассиса бо дастгоҳҳои замонавӣ тадбирҳо андешида шудаанд.
Ҳамзамон ҳайати корӣ аз Беморхонаи минтақавӣ ва Маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Шинг дидан намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, андешидани тадбирҳои амалӣ вобаста ба эмгузаронии сокинон бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа дастуру супоришҳо дод.
Зимни шиносоӣ бо муассисаҳои фарҳангӣ аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат дастур дода шуд, ки фаъолияти клубҳо ҷоннок гардида, дар китобхонаҳо ҷиҳати зиёд намудани теъдоди адабиёти муосир, адабиёти бачагона, ғанӣ гардонидани китобхонаҳои электронӣ ва ҷалби сокинон, хусусан насли наврас ба мутолиаи китоб тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ба кормандони соҳаҳо ҷиҳати иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода шуда, масъулин барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта муваззаф шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд






