Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои васлкунии таҷҳизоти навбатии 3 ва 4-уми коргоҳҳои ҶСП «Чунтай-Данғара син силу Текстил» шинос гардид
ДУШАНБЕ, 04.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара рафта, бо ҷараёни корҳои васлкунии таҷҳизоти навбатии 3 ва 4-уми коргоҳҳои бофандагӣ, рангу бори матоъ ва дӯзандагии ҶСП «Чунтай — Данғара син силу Текстил», воқеъ дар деҳаи Корез шинос гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Тазаккур дода шуд, ки Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст ва бо пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Италия, Швейтсария, Олмон ва Чин муҷаҳҳаз гардидаанд.
Зикр гардид, ки Лоиҳаи сохтмони марҳалаи навбатӣ дорои 4 даври пурраи коркарди пахта буда, дар он истеҳсолоти ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пешбинӣ гардидааст. Тибқи нақшаи пешбинишуда, ба истифода додани марҳилаи нави корхонаҳои мазкур дар нимаи аввали соли 2022 пешбинӣ шудааст. Корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, муҷаҳҳазгардонии иншоот идома дорад.

Инчунин дар ҷараёни сафари корӣ Сарвазири мамлакат бо гурӯҳи ҳамроҳонаш дар оғози кишти пахтаи ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу текстил», воқеъ дар деҳаи Шаҳбур иштирок карда, бо кишоварзон суҳбат кард.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу текстил» соли 2021 дар 1886 гектар пахта кишт ва аз он 7210 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки аз ҳар гектар 38,2 сентнер ҳосилро ташкил дод.
Соли 2022 низ дар майдони 1886 гектар кишти пахта гузаронида шуд, ки бо усули қатрагӣ ва зериплёнка парвариш карда мешавад. Тибқи маълумоти ҷамъият, имсол навъи нави пахта парвариш карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 4 апрел Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни кишти баҳории зироати кишоварзӣ, корҳои сохтмонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншооти сохташаванда бахшида ба таҷлили ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари корӣ намуд.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






