Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои хонандагони то синфи 4 Рӯзи дарҳои кушод доир менамояд
ДУШАНБЕ, 02.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Осорхонаи миллии Тоҷикистон минбаъд шанбеи охири ҳар моҳ барои хонандагони то синфи 4-и муассисаҳои таълимии мамлакат ба таври ройгон Рӯзи дарҳои кушод доир менамояд.
Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иброз намуд, роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон ин иқдомро ба амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои миллат — дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ тарбия намудани кӯдакон ва наврасон равона намудааст.
Хонандагони то синфи 4-и муассисаҳои таълимии мамлакат имкон доранд шанбеи охири ҳар моҳ ба Осорхонаи миллӣ ройгон ворид гардида, ба воситаи толорҳои намоишии он бо саҳифаҳои дурахшони гузаштаи миллати тоҷик аз наздик шинос шаванд.
Ҳадаф аз иқдоми мазкур – ин, пеш аз ҳама, шинос гардидани кӯдакону наврасон бо таъриху тамаддун, ёдгориҳои таърихии кишвар марбут ба асрҳои гуногун, осори фарҳангиву ҳунармандии қадимӣ ва санъати нотакрори миллати тоҷик мебошад.
Ҳамчунин ба ин восита рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ ва забондонии кӯдакон дар ҷомеа баланд бардошта шуда, арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби осори таърихиву фарҳангии ниёгон эҳё мегардад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






