Президенти Тоҷикистон чӣ гуна роҳ надодан ба болоравии нархи маҳсулотро фаҳмонданд

Апрель 18, 2022 12:19

ДУШАНБЕ, 18.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаҳмонданд, ки баҳри ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар ин замони барои ҷаҳон душвор чӣ бояд кард. Дар ин бора Пешвои миллат дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Ашт изҳори назар намуданд.

Сарвари давлат аз буҳрони ҷаҳонӣ ёдовар шуда, гуфтанд, ки барои бартарафсозии он кадом тадбирҳоро бояд андешид. Ба гуфтаи Президенти Тоҷикистон, дар саросари ҷаҳон болоравии нархи ҳама гуна молу маҳсулот, сӯзишворӣ, хизматрасониҳо ва муҳимтар аз ҳама, маҳсулоти хӯрокворӣ мушоҳида мешавад.

«Мо бояд тамоми захираву имконияти худро барои истеҳсоли маҳсулот, захира кардани маводи ғизоӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ сафарбар намоем»,-изҳор доштанд Сарвари давлат.

Пешвои миллат вазъи кунунии ҷаҳонро бисёр муташанниҷ унвон намуданд.

Давраи пандемияи КОВИД–19-ро ба хотир оварда, Президенти Тоҷикистон иброз намуданд, ки дар лаҳзаҳои душвору вазнин ҳамаи кишварҳо, ҳатто қудратҳои ҷаҳонӣ танҳо дар фикри худ мешаванд ва ба ҷорӣ кардани монеаву маҳдудиятҳо даст мезананд.

Сарвари давлат изҳор намуданд, ки ба болоравии нархҳо дар бозорҳо набояд роҳ дод.

«Мо ҳаргиз набояд ба умеди дигарон бошем, баръакс, нисбат ба ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид гардида, кор кунем, заҳмат кашем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем ва нагузорем, ки халқамон аз камчинии маводи ғизоӣ ва болоравии нархҳо, хусусан дар мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода муҳтоҷӣ ва азияту танқисӣ кашанд», — зикр намуданд Президенти Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намуданд, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини ноҳияи Ашт анъанаҳои фарзандони номдор ва содиқ ба Ватан ва халқи Тоҷикистонро идома бахшида, минбаъд низ ба хотири рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва ободии Ватан саъю талош менамоянд ва ба хотири истиқболи сазовори ҷашни бузурги 35 – солагии истиқлоли давлатии кишвари маҳбубамон аҳлона заҳмат кашида, ба дастовардҳои боз ҳам бештари иқтисодиву иҷтимоӣ ноил мегарданд.

Қаблан, зимни ироаи Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҳолати бамиёномада ба вазъияти иқтисодиву иҷтимоии қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони мо таъсири ҷиддӣ расонида истодааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/ АМИТ «Ховар»

Апрель 18, 2022 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон