Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Туркия мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 11.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара Ашрафҷон Гулов бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Туркия Бекир Боздағ 7 апрел доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия 29 январи соли 1992 барқарор шуданд, ки имсол ба он 30 сол пур шуд.
Сафорати Ҷумҳурии Туркия моҳи марти соли 1992 дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ кард.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 1995 дар Анқара ифтитоҳ гардид.
Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истанбул соли 2011 ба кор шурӯъ намуд.
АКС: ВКХ Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






