Татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» истифодаи электромобилҳоро афзоиш медиҳад

Апрель 27, 2022 11:30

ДУШАНБЕ, 27.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз ҷониби Вазорати нақлиёт Лоиҳаи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» таҳия гардида, 1 апрели соли 2022 барои баррасию мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор равон гардид. Вазорату идораҳои марбута хулосаҳояшонро оид ба ин лоиҳа  ба вазорати нақлиёт пешниҳод намуданд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат хабар медиҳад, ки бо дарназардошти пешниҳодот ба лоиҳа тағйирот ворид гардида, он  аз ҷониби Комиссияи байниидоравии машваратӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ бори дигар мавриди баррасӣ қарор мегирад.

-Таҳияи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат сарчашма мегирад. Барнома аз 9 боб иборат буда,  ҳадафи асосии он-  фароҳам овардани самти нави рушди иқтисодӣ дар заминаи ташаккули саноати мошинсозӣ- истеҳсоли нақлиёти барқӣ, муҳайё намудани шароити мусоид барои зиёд кардани нақлиёти барқии истифодашаванда, васеъ намудани инфрасохтори нақлиёти барқӣ ва кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист мебошад,- гуфт Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ  неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва арзон истеҳсол мекунад. Аз ин рӯ, истифодаи нақлиёти барқӣ дар ҷумҳурӣ  аз ҳар ҷиҳат мувофиқу самараноктар аст. Махсусан дар замони болоравии арзиши сӯзишворӣ, ки дар як соли охир таъсири бади худро ба тамоми самту соҳаҳо расонидааст. Истифодаи электромобилҳо на танҳо аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар аст, балки аз лиҳози экологӣ низ хеле муфид буда,  вобастагии мамлакатро  аз як қатор маҳсулоти воридотӣ коҳиш медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки 10 январи соли равон бори аввал дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ширкати «Як таксӣ»  8 адад электромобили тамғаи Volkswagen Е- Lavada мавриди истифода қарор дода шуд. Иттилоъ дода шуд,  ки  рӯзҳои наздик боз 100 адад мошини дигар вориди пойтахт гарданд. Дар ин рӯз 8 адад воситаҳои нақлиёти мазкур дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Нақлиёти мазкур аз лиҳози самаранокии иқтисодӣ вобаста ба арзиши истифодаи қувваи барқ дар муқоиса бо воситаҳои нақлиётие, ки дигар намуди сӯзишвориро истифода менамоянд, бартарӣ дорад. Тибқи таҳлилҳои мутахассисон, дар як сол хароҷоти истифодаи қувваи барқ дар электробус ва электромобилҳо 27,5 фоизи хароҷоти нақлиёти бо дигар намуди сӯзишвориҳо фаъолияткунандаро ташкил медиҳад.

Хизматрасониҳои техникӣ ва нигоҳдории электромобилҳо дар муқоиса бо нақлиёти бо дигар намуди сӯзишворӣ фаъолияткунанда арзиши камтарин талаб намуда, ҳангоми истифода ва ё хизматрасонӣ ба мусофирон дар шаҳр, интиқолдиҳии бемамониат сатҳи пасти садо ва сафари бароҳатро барои мусофирон муҳайё менамояд.

Зимни ба истифода додани электромобилҳо  муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода иброз дошт, ки рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе талаботи навро нисбат ба тамомои соҳаҳо, аз ҷумла, соҳаи нақлиёти мусофирбарӣ пеш оварда, имкон медиҳад, ки дар оянда ҷиҳати бештар намудани вазъи соҳа ва амалисозии ҳадафҳои стратегӣ дар доираи Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025 ва барномаи  «Шаҳри сабз» тадбирҳои судманд андешида шаванд.

-Дар чаҳорчӯби  барномаи  “Шаҳри сабз” мақомоти шаҳри  Душанбе 104 адад троллейбуси бесим (15 километр), якчанд автобуси барқӣ ва як троллейбуси барқии бидуни тамос (40 километр) харидорӣ кард, ки онҳо  дар реҷаи санҷишӣ кор мекунанд, -афзуд Фирдавс Саидзода.

Тавре раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб изҳор дошт «дар Кодекси нави андоз омадааст, шаҳрвандоне, ки аз электромобил истифода мебаранд, нисбат ба истифодабарандагони автомобил андози камтар месупоранд, ки ин як роҳи ҳавасмандкунии аҳолӣ дар роҳи рушди электромобил мебошад. Ман боварии комил дорам, ки ба хотири рушди ин самт дар ҷумҳурӣ имтиёзу қонунгузориҳои мусоид пешниҳод карда мешаванд».

                                                                                                       Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз

 

Апрель 27, 2022 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст