ТОҶИКИСТОН БА ФЕДЕРАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИБЕРВАРЗИШ ШОМИЛ ГАРДИД. Варзишгарони тоҷик имкони ширкат дар Чемпионати ҷаҳон дар ҷазираи Балиро соҳиб шуданд

Апрель 11, 2022 10:46

ДУШАНБЕ, 11.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ба Федератсияи байналмилалии варзиш (IESF) шомил шуд. Дар ин бора президенти ин созмон Влад Маринеску хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, чаҳор кишвари Осиё ба IESF пайвастаанд. Ба ҷуз аз Тоҷикистон, инҳо Афғонистон, Бангладеш ва Фаластин мебошанд. Булғористон, Гаити, Чад, Нигерия, Гваделупа ва ғайра низ ба ҳайти федератсия пайвастанд. Дар маҷмӯъ, ба IESF 12 узви нав пазируфта шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи IESF.

Федератсияи киберварзиш афзоиш меёбад ва имрӯз 100 кишвари  дунёро  дарбар мегирад.

«Мо аз ҳар нафаре, ки дар рушди федератсия дар саросари ҷаҳон саҳм гузоштааст ва кореро, ки мо барои муттаҳид кардани оилаи ҷаҳонии киберварзишу таъмини ояндаи он анҷом медиҳем, эътироф мекунад, миннатдорем”,- гуфт Маринеску.

ДАР АКС: президенти IESF Влад Маринеску

Вай зикр кард, ки интизори фурсати пуштибонӣ аз рушди кишварҳои узви ин созмон аст. Ба гуфтаи президенти IESF, аллакай соли 2022 иштирокчиёни нав метавонанд дар Чемпионати ҷаҳон оид ба киберварзиш, ки аз 27 ноябр то 9 декабри соли 2022 дар ҷазираи Балии Индонезия баргузор мешавад, ширкат кунанд. Фонди ҷоизаи он аз 500 ҳазор доллар иборат хоҳад буд. Намояндагони 120 кишвар дар бозиҳои маъмул, ба мисли Dota 2, Tekken 7, Counter-Strike: GlobalOffensive ва силсилаи eFootball, PUBG Mobile ва MobileLegends: Bang Bang рақобат хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки соли 2021 дастаҳои Чехия ва Македонияи Шимолӣ барандаи чемпионат дар намудҳои мухталиф шуданд.

IESF, дар маҷмӯъ, 13 чемпионати ҷаҳонӣ баргузор кардааст. Чемпионати соли 2022 дар Бали 14-умин хоҳад буд.

Киберварзиш дар Тоҷикистон 

Киберварзиш ҳарчанд дар Тоҷикистон то ҳол намуди варзиши рушдкарда маҳсуб намешавад, аммо дар ҳаёти варзишӣ ва бозиҳои кишвари мо мафҳуми битамом нав нест. Имрӯз, тибқи баъзе ҳисобҳо, дар ҷумҳурӣ тақрибан 6 000 нафар варзишгарон  бо  Dota2 ва FIFA  машғул ҳастанд.

Соли 2017 дар Душанбе ҳатто Ҷоми киберварзиши Тоҷикистон дар ду намуд: Dota2 ва FIFA18 доир гардида буд. Мусобиқаҳо дар Қасри ҷавонони пойтахт баргузор шуда, тамошобинон бозиро аз экранҳои калоне, ки дар толор насб шуда буданд, тамошо карданд. Варзишгарони даври ниҳоии Ҷом аз миёни беш аз 600 ширкаткунанда аз саросари кишвар интихоб шуданд. Дар бозии ниҳоӣ ҳашт даста аз шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва Турсунзода ҷамъ омаданд. Дар намуди Dota2 бо ҳисоби 3:2 дастаи «Keepers of Abyss» ғолиб омада, ҷои дуюм насиби дастаи «Nakazat» гардид.

“Мо мехоҳем одамонро бо тафаккури мантиқии бозӣ тарбия кунем, то дар оянда дар арсаи ҷаҳонӣ комёб шаванд», — гуфта буд он замон ба хабарнигорон созмондиҳандаи ин мусобиқа Усмон Аҳмадов.

Таърихи киберварзиш

То он замоне, ки лигаҳои расмии киберварзишӣ ба вуҷуд омаданд, бозиҳо дорои мусобиқаҳои хурде буданд, ки дар онҳо ҳисоби холҳо гузаронида мешуданд (Spacewar, Asteroids, Space Invaders ва ғ.).

Соли 1996 EVO (аввал Battle by the Bay ном дошт) пайдо шуда, мусобиқаи Street Fighter II баргузор мекунад.Баъдан, соли 1997 CPL таъсис дода шуд, ки аввалин мусобиқаи Quake-ро баргузор кард. Аммо аввалин бозӣ бо муқовимати тиҷоратӣ Doom 2 буд.

Федератсияи байналмилалии киберварзиш (IESF), ки қароргоҳи он дар шаҳри Пусани Кореяи Ҷанубӣ воқеъ аст, 8 августи соли 2008 аз ҷониби нуҳ ассотсиатсияи киберварзишӣ аз Кореяи Ҷанубӣ, Дания, Олмон, Австрия, Белгия, Нидерландия, Швейтсария, Ветнам ва Тайван таъсис ёфта, аввалин мусобиқаи умумии худро моҳи ноябри ҳамон сол баргузор намуд.

IESF яке аз ду созмонест, ки барои мақоми роҳбарикунандаи ҷаҳонии киберварзиш мубориза мебаранд. Созмони дигар- Федератсияи ҷаҳонии киберварзиш аст, ки соли 2019 бо дастгирии ширкати Tencent таъсис дода шудааст.

IESF хеле пештар таъсис ёфта, аз соли 2008 вуҷуд дорад ва онро Влад Маринескуи амрикоӣ раҳбарӣ мекунад.

Мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳоло дар тамоми ҷаҳон баргузор мешаванд. Муҳимтарин ва шабеҳи Бозиҳои олимпӣ мусобиқаи байналмилалии World Cyber ​​​​Games (WCG) буд, ки аз соли 2000 то соли 2013 дар кишварҳои мухталиф баргузор шуда буд. Ба ғайр аз WCG, Лигаи касбии кибератлетҳо ва Лигаи электронии варзишӣ мунтазам баргузор мешаванд.

То имрӯз бузургтарин ва бонуфузтарин мусобиқаҳо онҳое маҳсуб меёбанд, ки аз ҷониби худи истеҳсолкунандагон баргузор мешаванд: масалан, мусобиқаи байналмилалии Dota 2 (The International Dota 2) ё Чемпионати ҷаҳонии Лигаи Афсонаҳо (League of Legends). Ва албатта чемпионати ҷаҳон, ки IESF мегузаронад.

Киберварзиш дар ИДМ

Русия аввалин кишвар дар ҷаҳон шуд, ки киберварзишро ҳамчун варзиши расмӣ эътироф кард. Ин 25 июли соли 2001 рух дод. Дастаи Русия яке аз пурқувваттарин дастаҳои ҷаҳон аст.

Дар Узбекистон варзиши компютерӣ низ расман як намуди варзиш эътироф шудааст. Дар доираи Бозиҳои осиёии соли 2018, ки ба наздикӣ дар Индонезия анҷом ёфт, ҳамчун намуди варзиши намоишӣ мусобиқаи eSports баргузор гардид. Созмондиҳандаи мусобиқа Федератсияи электронии варзишии Осиё (AESF) мебошад, ки ба ҳайати он  45 федератсияи  кишвари осиёӣ, аз ҷумла Федератсияи варзиши компютерии Узбекистон шомиланд.

Ташкилоти киберварзишӣ дар дигар кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Беларус, Қазоқистон ва Украина низ вуҷуд доранд.

Яке аз бузургтарин мусобиқот дар кишварҳои ИДМ мусобиқаи ASUS Open буд, ки аз соли 2003 ҳар се моҳ баргузор мешавад. Маблағи ҷоизаҳо миёни чемпионатҳои ИДМ аз ҳама калонтарин- то 1 миллион рубл мебошад. Мусобиқаҳои интихобии WCG, ки ғолибони онҳо ба чемпионати ҷаҳонии кибербозиҳо роҳ меёбанд, инчунин яке аз бонуфузтарин мусобиқаҳо дар кишварҳои ИДМ ба шумор мераванд.

Дар айни замон WCG фаъолияти худро қатъ кардааст. Аз соли 2012 инҷониб Ҷоми TechLabs дар байни киберфестивалҳои ИДМ мавқеи устуворро ишғол кардааст. Москва, Минск, Киев ва Алма-Ато чаҳор шаҳреянд, ки мизбони дастаи TechLabs мебошанд, ки аз соли 2010 инҷониб фестивалро мизбонӣ мекунанд.

Инчунин мусобиқаҳои гуногуни ғайритиҷоратӣ мавҷуданд, ба монанди RDL (Мусобиқаи Лигаи  русии  Quake II ). Бузургтарин лигаи инфиродии StarCraft II дар Аврупо лоиҳаи русии RSL — Russian Starcraft 2 League мебошад, ки аз ҷониби sc2tv.ru ташкил карда шудааст. Бузургтарин лига дар Counter-Strike: Source ва Counter-Strike: Global Offensive, инчунин Dota 2 барои соли 2014 лигаи CSPL мебошад. Мусобиқаи асосии League of Legends дар ИДМ LCL мебошад.

Дар дигар мамлакатҳои ҷаҳон

Соли 2013 намуди киберварзиши League of Legends дар Иёлоти Муттаҳида ҳамчун навъи варзиши воқеӣ ва иштирокчиёни он ҳамчун варзишгарони воқеӣ эътироф карда шуданд. Ин имкон медиҳад, ки бозигарони дигар мамлакатҳо тавассути низоми содашудаи раводид вориди ИМА шаванд. Дар ҳамон сол ширкати амрикоии Valve бозӣ дар жанри MOBA — DOTA 2 баровард.

Яке аз бозигарони асосии бозори киберварзиш дар Аврупои Ғарбӣ ташкилоти киберварзишии ESL мебошад, ки дар мусобиқаҳои он ҳар сол чанд миллион доллар бурд карда  мешавад.

Интизоми дастаҳо дар Италия заиф аст, масалан, дар WCG дар Counter-Strike ва Dota 2 дастаҳои итолиёвӣ аз гурӯҳ пеш намераванд. Аммо дар намудҳои инфиродӣ онҳо дар ESWC як медал ва дар WCG даҳҳо медал ба даст овардаанд. Дар Италия интизоми StarCraft II маъмул аст, ки дар он се созмон бартарӣ доранд: Old School Clan, InFerno eSports ва Team Redbyte Italia.

Аввалин клуби футболи Испания, ки дастаи киберварзишии худро таъсис дод, Валенсия буд. Дар ин бора роҳбарияти клуби испанӣ дар нишасти матбуотӣ, ки 7 июн баргузор шуд, хабар дод. Клуб тасмим дорад, ки  шуъбаҳои киберварзишро бо намудҳои дигар кушояд: Hearthstone, FIFA ва Rocket League. Ба наздикӣ ба онҳо рӯйхати League of Legends ворид карда мешавад.

Киберварзиш чӣ манфиат дорад

 «Киберварзиш аксаран чун яке аз намудҳои вобастагӣ фаҳмида мешавад- волидайн ба ман бо чунин саволҳо муроҷиат мекунанд, — нақл мекунад равоншиноси рус  Игор Кабанов. — Вале ин тавр нест. Киберварзиш — низоми равшани муносибот, нақшҳо ва машқҳоест, ки қобилияти одамро зимни истифодаи малакаҳои варзишӣ дар фазои киберӣ дар назар дорад».

Киберварзиш соли 2016 мақоми расмии варзишӣ гирифт — ин  варзиши мукаммалест, ки аз намуди анъанавӣ бо ҳаракатҳои кӯтоҳтар ва хурдтар фарқ мекунад. Бозии компютерӣ дар доираи киберварзиш чунин намуди  мусобиқаи  варзишӣ,  ба монанди  мусобиқаи шоҳмот ё бозии теннис мебошад.

Киберварзишгарони касбӣ фарқи байни бозӣ ва воқеиятро ба таври возеҳ мефаҳманд: пас аз иҷрои вазифаи бозӣ онҳо  меистанд. «Ҳудуд миёни киберварзиш ва вобастагӣ маҳз дар ҳамин ҷо мегузарад,» иброз медорад равоншинос. «Агар кӯдак уҳдадориҳои иҷтимоиро иҷро накунад, парҳез ва хоби ӯ вайрон шуда, ӯ аз иҷрои вазифаи хонагиаш даст мекашад, он гоҳ  дар бораи рафтори одатшуда суҳбат кардан маъно дорад».

Яке аз малакаҳои муҳимтарине, ки бо мурури замон дар бозигарон инкишоф меёбад, тафаккури таҳлилгарӣ мебошад. «Киберварзиш аксар вақт як раванди гурӯҳист: шумо бояд ҳаракатҳои рақибро ҳисоб кунед, хислатҳои шахсии бозигарони дигарро эътироф кунед»,- мегӯяд равоншинос. «Ба ибораи дигар, кӯдак давоми дарсҳо кори бузурги таҳлилӣ анҷом медиҳад.»

Ба ҷуз аз тафаккури таҳлилӣ, дар кӯдаконе, ки бо киберварзиш бошуурона ва ба таври касбӣ машғул мешаванд, дигар малакаҳои муҳим, инчунин хислатҳои муфид, ба монанди суръати аксуламал; қобилияти кор кардан ва муошират дар даста, таваҷҷуҳ ба рафтори дигарон; қобилияти муошират бо иттилоот; оромӣ дар ҳолатҳои асабоният, эҳтиёт; мутобиқшавӣ рушд меёбанд ва кӯдак зуд ислоҳ кардани рафтори худро ёд мегирад.

Ҳама малакаҳо ва сифатҳое, ки як киберварзишгари навкорро инкишоф медиҳанд, бешубҳа, дар ҳаёти минбаъдаи ӯ муфид хоҳанд буд.

«Муҳим аст, волидайн дарк кунанд, ки киберварзиш яке аз марҳилаҳои асосии ба ҷомеа пайвастани кӯдак ва дар маҷмӯъ василаи муфид дар ҳаёти онҳост», — хулоса мекунад Игор Кабанов. «Ҷаҳон торафт рақамӣ шуда истодааст ва ба кӯдакон барои дар он зистан кумак кардан зарур аст.»

ДАР АКСИ БОЛО: барандагони Ҷоми киберварзиши Тоҷикистон дар соли 2017. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

 

Апрель 11, 2022 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 1 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни -73 кг медали нуқра ба даст овард
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни -73 кг ба финал баромад
Имконияти рушди ҷудо дар Тоҷикистон дар мулоқот бо мудири кулли Федератсияи байналмилалии ҷудо баррасӣ шуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 3 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Обид Ҷебов дар вазни -66 кг соҳиби медали нуқра гардид
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Муллораҷаб Халифаев медали биринҷии мусобиқаро ба даст овард
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни -60 кг медали тилло ба даст овард
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни -60 кг ба финал роҳ ёфт
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Ҳақдод Гулов барои медали биринҷӣ мубориза мебарад
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Муллораҷаб Халифаев барои медали биринҷӣ мубориза мебарад